ҶАВОБ БА МАҚОЛАИ ИСМАТУЛЛО СОБИРӢ, “МУАЛЛИМИ “ГУНАҲКОР” ВА МАКТАБИ “БЕ ДАРВОЗА””, ҲАФТАНОМАИ “СССР”, АЗ 17.06.2021, №24 (665)

01-07-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Исматулло Собириро, ки бо номи “Муаллими “гунаҳкор” ва мактаби “бе дарвоза”” дар саҳифаи 11-уми шумораи №24 (665) ҳафтаномаи “СССР” аз 17.06.2021 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Се масъалаи аввали вобаста ба ҳам, ки муаллиф дар матлаби худ зикр намудааст, дар асоси Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш аз муҳлат ба анҷом расидани соли таҳсил дар соли таҳсили 2020-2021, сабаби қаблан то 7 ва 14-уми июн идома ёфтани дарсҳо ва раванди аттестатсияи хатм мебошад.
Муаллиф дар робита ба ин паҳлуи мавзӯъ савол медиҳад, ки чаро нафаре аз масъулин нагуфт, ки бо кадом сабаб муддати таълим дар муассисаҳои таълимӣ тӯлонӣ шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳам тариқи сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо суроғаи www.maorif.tj) ва ҳам тавассути расонаҳои хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ масъулини вазорат, аз ҷумла, мутахассисони Маркази матбуоти вазорат дар самти шарҳи паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои боло ба мардум талош меварзиданд. Шоиста мебуд, ки муаллиф қабл аз таълифи матлаб ва чунин иддао карданаш ақаллан ё аз сомонаи вазорату шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё тариқи “Телефони боварӣ”-и вазири маориф ва илм (+992 372 27 76 86) ва телефони Маркази матбуот (+992 372 27 37 06) ҷӯёи посух ба ин саволаш мешуд.
Ба таваҷҷуҳи муаллифи муҳтарам мерасонем, ки Вокуниши вазорат ба баҳсу мунозираҳо оид  ба тамдиди соли таҳсил ва манъи чорабиниҳои “Занги камолот”, “Хайр боғча” ва “Хайр Алифбо”, ки 11.06.2019 дар сомонаи вазорат гузошта шудааст. Агар муаллиф мехоҳад, ба саволҳои худ вобаста ба тамдиди соли таҳсил ва манъи чорабиниҳо ҷавоб пайдо кунад, лутфан, ба сомонаи вазорат муроҷиат намояд ва мо ин ҷо аз такрори он худдорӣ мекунем.
Дар масъалаи гузаштан аз низоми таҳсили анъанавӣ ба низоми таҳсили босалоҳият бояд қайд кард, ки дар шароити имрӯза сифатан тағйир додани низоми таҳсилот, ба талаби рӯз мутобиқ намудан ва ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ амри воқеист. 
Доштани дониш оид ба соҳаҳои гуногуни илм ҳоло барои пурра маълумотнок гаштан кифоя набуда, дар баробари ин, татбиқи амалии донишҳо, истифодаи технологияҳои муосир ва эҷодкорӣ муҳим аст. Ин ҳама ба баланд шудани некуаҳволии мардум ва пешрафти ҷомеа мусоидат менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самаранок гардонидани раванди таълим пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Яке аз ин тадбирҳои басо муҳим гузариш ба низоми нави таълим – низоми салоҳиятнокӣ мебошад.
Яке аз сабабҳои  асосии рӯй овардан ба низоми нави таълим талабот ва нақшаҳои Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Низоми нави таълим, ки ба салоҳиятнокӣ асос ёфтааст, бояд ба хонандагон имконияти аз худ намудани салоҳияти малакаҳои асосии иҷтимоиро (ба монанди қабули масъулиятноки қарорҳо ва банақшагирии пешравӣ дар касбомӯзӣ, илмомӯзӣ дар давоми тамоми ҳаёт, салоҳияти тайёрии касбӣ дар бозори меҳнат, донишу малакаи барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаи тарзи ҳаёти солим, арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ…) таъмин намоянд.
Стратегияи миллии рушди маориф самтҳои тағйироти низоми таълимиро мушаххас карда, гузаришро аз низоми кунунӣ ба низоми салоҳиятнокӣ ба нақша гирифтааст. Салоҳият дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ сазовор будан, лоиқ будан, шоистагӣ, сазоворӣ тафсир шудааст. Мафҳуми салоҳият (салоҳиятнокӣ) акнун ҳамчун истилоҳи соҳаи маориф низ истифода мешавад.
Салоҳият маҷмӯи дониш,  малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайвандест, ки ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва маърифатӣ равона шудааст. Мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат баробар истифода мешаванд. Шахси салоҳиятнок ҳар амалеро хуб, қобилона ва боэътимодона иҷро карда метавонад.
Низоми таълими салоҳиятнокӣ низомест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ равона мешавад. Низоми таълими салоҳиятнокӣ асосан ба саволҳои «хонанда чӣ кор карда метавонад?», «хонанда кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?» посух мегӯяд. Донистан ё дониш дар низоми таълими салоҳиятнокӣ ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, муқоиса кардан ба намуна, ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад.
Дар низоми таълими салоҳиятнокӣ муносибатҳо ва раванди таълим хусусиятҳои ба худ хос доранд. Ин хусусиятҳо муносибати хонандаро ба таълим, нақши омӯзгорро дар раванди таълим, иртиботи омӯзгору хонандагонро дар ҷараёни омӯзиш муайян мекунанд. 
Донистан ва дар амал татбиқ кардани ин хусусиятҳо ба омӯзгор имкон медиҳад, ки сатҳи азхудкунии малака ва салоҳиятҳоро баланд бардошта, ҳамзамон барои ташаккули шахси масъулиятнок, ботарбия ва маърифатнок замина гузорад.  
Истифода аз усули таълими салоҳиятнокӣ комёбии омӯзгорро дар такмили сифати таҳсилот таъмин менамояд.
Инчунин, вобаста ба оне, ки дар баробари Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои маориф  дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба қавли муаллиф боз “ба мактаб дигар мақомотҳо низ хуҷаин шудаанд” таъкид намудан зарур аст, ки қонунгузорӣ ба ҳар яке аз мақомоти давлатии дахлдор дар доираи салоҳият ва ваколатҳои муайяни худаш иҷозати тафтишот бурдан на танҳо дар муассисаҳои таълимӣ, балки дар дилхоҳ муассисаву идораро додааст. Масалан, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сурати сар задани ҳодисаи ҷиноятӣ ва ё вайрон гаштани ҳуқуқҳо дар мактаб ва дар вақту соати дарсӣ ҳақ дорад, ки ба мактаб омада, вазифаи худро анҷом диҳад. Ба монанди ин, намояндагони дигар мақомоти давлатӣ низ ҳамчунин ҳаққи иҷрои вазифаҳои худро доранд. Аммо ҳеч яке аз намояндагони мақомоти давлатии ғайрисоҳавӣ ҳаққи талаб намудани “нақшаи 1-соатаи дарсӣ” ва ё ин ки “конспект” аз омӯзгорро надорад. Танҳо мақоми ваколатдор дар соҳа - Вазорати маориф ва илми кишвар, муассисаҳои зертобеи вазорат вобаста ба самтҳои фаъолияташон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои ин ниҳод дар вилоятҳо салоҳияти санҷишу назорат аз болои фаъолияти касбии омӯзгорон ва раванди таълим дар муассисаҳои таълими ва паҳлуҳои дигари марбут ба фаъолият дар соҳаро доранд.
Дигар ниҳодҳо танҳо метавонанд дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак бо мақомоти ваколатдор фаъолияти муассисаи таълимиро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ҳоли омодагӣ барои ҳамкорӣ бо тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлативу дигар ташкилоту муассисаҳое, ки дар асоси қонунгузории кишвар фаъолият мекунанд, алалхусус рӯзноманигорон ва ВАО дар самти беҳтар гардонидани сатҳу сифати таҳсилот ва беш аз пеш рушд кардани соҳаи калидии кишвар –соҳаи маориф ва илм қарор дорад. Дар ин росто, хоҳиш ва даъвати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва намояндагони ВАО-и кишвар ҳамин аст, ки қабл аз таҳлилу баррасии дилхоҳ масъалаву нофаҳмоиҳои дар соҳа мавҷуда ва дар пайи ин хулосаву натиҷагириву қазовати нодуруст намудан, бевосита метавонанд маълумоти заруриро аз сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мунтазам аз ҷониби мутахассисон дар қолабҳои гуногуни таълифи матлабҳо нашр мешаванд, ба даст оранд ва дар сурати даст наёфтан ба маълумоти лозимӣ беҳтар аст, ки тавассути рақамҳои телефони дар боло зикршуда ба масъулини вазорат дар тамос шаванд, то масъаларо барояшон аз қабл шарҳ диҳанд. Ин имкон фароҳам меорад, ки дар таҳияи матлаб ва нашри он дар расонаҳои хабарӣ то андозае ҳам бошад, касбият риоят шавад. 
 
Маркази матбуоти
Вазорати  маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон