ҶАВОБ БА МАҚОЛАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. ОЗМУНЕ, КИ ФАРОГИРТАР МЕШАВАД» - И ПАРВОНА ШАРИФОВА – ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲИ МИЛИИ ТОҶИКИСТОН («ҶУМҲУРИЯТ», АЗ 19.01.2021, №12)

29-01-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи «“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Озмуне, ки фарогиртар мешавад» - и Парвона Шарифова – донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон («Ҷумҳурият», аз 19.01.2021, №12) ба муаллиф бобати таваҷҷуҳи нек доштан ба соҳа изҳори сипос намуда, ҳамзамон иттилоъ медиҳад, ки љињати боз ҳам дар сатҳи баланд баргузор намудани ҳама даврҳои Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар солҳои оянда чораҳои заруриро андешида шуда истодааст. 
Муаллиф дар фарҷоми матлабаш бо дарназардошти он ки шумораи нависандагони ҷавон дар кишвар кам нестанд, ба номинатсияи шоирӣ илова кардани қобилияти нависандагиро низ пешниҳод намудааст. Интизории муаллиф аз пешниҳоди мазкур он аст, ки истеъдодҳои навин дар соҳаи адабиёти насри муосир кашф мегарданд.
Пешниҳоди муаллифи мақола воқеан қобили дастгирист ва он дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Кумитаи тадорукоти озмун мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода мешавад. 
Масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар пайваста тамоми маводи дар васоити ахбори омма нашршударо мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, дар фаъолияти корӣ таклифу пешниҳодоти муаллифонро мавриди истифода қарор медиҳанд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон