Ҷавоб ба мақолаи «278 муассисаи садамавӣ: кӯдакони Хатлон дар «Мактаби кӯҳна» мехонанд?» ("Тоҷикистон ", аз 9-уми июни соли 2021, №23 (1430))

25-06-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мақолаи зикргардида иттилоъ медиҳад, ки ҳамасола ҷиҳати мушкилии ҷойдошта дар самти сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. 
Ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, №504 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон  барои солҳои 2017-2021» ба тавсиб расидааст. Барномаи мазкур, асосан, ба бунёду барқарорсозии муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони идораҳои соҳаи маориф дар вилояти Хатлон нигаронида шудааст. Дар натиҷаи татбиқи босамари барномаи мазкур, дар  маҷмӯъ, дар вилояти Хатлон бояд 566 бинои муассисаи таълимӣ барои 110150 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шавад. 
Бояд зикр кард, ки дар ин давра бинои 11 муассисаи таълимӣ барои 1228 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 7 млн. 369 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони бинои 3 муассисаи таълимӣ барои 336 ҷойи нишаст ба маблағи 3 млн. 980 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ сохтмони 8 бинои муассисаи таълимӣ барои 796 ҷойи нишаст ба маблағи 2 млн. 130 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ сохтмони бинои 1 муассисаи таълимӣ барои 144 ҷойи нишаст ба маблағи 1 млн. 328 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Илова бар ин, филиали 4 муассисаи таълимие, ки шумораи хонандагонашон кам мебошад, ба бинои асосии муассисаи таълимӣ гузаронида шудааст.
Айни замон, филиали 1 муассисаи таълимӣ  дар ноҳияи Кӯшониён филиали 2 муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Ховалинг, филиали 2 муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Мӯъминобод ва филиали 1 муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Балҷувон дар хонаҳои шахсӣ, вагонхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ боқӣ мондааст. Ҷиҳати аз хонаҳои шахсӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ баровардани муассисаҳои таълимӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.   
Дар муассисаҳои таълимии сохташуда бошад, норасоии ҷойи нишаст пурра бартараф гардидааст. Ҳамзамон, хонандагоне, ки дар вагонҳонаҳо ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, ба бинои асосии муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, вагонхонаҳо ҳамчун биноҳои ёрирасони хоҷагӣ истифода шуда истодаанд. Ҳамин тавр, иҷрои замимаи 1 барномаи мазкур то имрӯз 71,4  фоизро ташкил медиҳад.
Инчунин, тибқи замимаи 2-и Барнома то имруз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бинои 87 муассисаи таълимӣ барои 13477 ҷойи нишаст ба маблағи 156 млн. 491 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони бинои 24 муассисаи таълимӣ барои 6460 ҷойи нишаст ба маблағи 1256 млн. 818 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон сохтмони бинои 7 муассисаи таълимӣ барои 1744 ҷойи нишаст ба маблағи 10 млн. 900 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ сохтмони бинои 2 муассисаи таълимӣ барои 336 ҷойи нишаст ба маблағи 2 млн. 335 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар 54 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 4908 ҷойи нишаст бо маблағи 17 млн. 438 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар маҷмӯъ, то имрӯз иҷрои замимаи 2 барномаи мазкур (муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта) 27,7 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра тибқи замимаи 3 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4 бинои шуъбаи маориф бо назардошти ҷойгиркунии маркази таҳсилоти иловагӣ ва маркази рушди истеъдодҳо ва 29 бинои муассисаи таълимӣ барои 6813 ҷойи нишаст ба маблағи 120 млн. 542 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. 
Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 4 бинои шуъбаи маориф бо назардошти ҷойгиркунии маркази таҳсилоти иловагӣ ва маркази рушди истеъдодҳо (дар ноҳияҳои Балҷувон, Хуросон, Шаҳритуз ва Қубодиён) ва сохтмони 10  бинои муассисаи таълимӣ барои 3884 ҷойи нишаст ба маблағи 92 млн. 369 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ сохтмони 2 бинои муассисаи таълимӣ барои 205 ҷойи нишаст ба маблағи 1 млн. 127 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар 17 бинои муассисаи таълимӣ барои 2724 ҷойи нишаст ба маблағи 27 млн. 47 ҳазор сомонӣ  сохта ба истифода дода шудааст. То имрӯз тибқи замимаи 3 дар вилояти Хатлон 41 иншооти соҳаи маориф сохта ба истифода дода шуд, ки 17,7 фоизи иҷрои замимаи мазкурро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, дар доираи иҷрои барномаи мазкур то имрӯз дар вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4 бинои шуъбаи маориф бо назардошти ҷойгиркунии маркази таҳсилоти иловагӣ ва маркази рушди истеъдодҳо ва 129 бинои муассисаи таълимӣ барои 21518 ҷойи нишаст ба маблағи 284 млн. 403 ҳазор сомон сохта ба истифода дода шуд.
Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони 4 бинои шуъбаи маориф ва маркази таҳсилоти иловагӣ ва маркази рушди истеъдодҳо ва 42 бинои муассисаи таълимӣ барои 10824 ҷойи нишаст ба маблағи 223 млн. 486 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети вилоят сохтмони 7 бинои муассисаи таълимӣ барои 1744 ҷойи нишаст ба маблағи 10 млн. 900 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ сохтмони 4 бинои муассисаи таълимӣ барои 570 ҷойи нишаст ба маблағи 3 млн. 462 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар 787 бинои муассисаи таълимӣ барои 8370 ҷойи нишаст ба маблағи 46 млн. 555 ҳазор сомонӣ  сохта ба истифода дода шуда, филиали 4 муассисаи таълимие, ки шумораи хонандагонашон кам мебошад, ба бинои асосии муассисаи таълимӣ гузаронида шудааст. 
Мавриди зикр аст, ки то 1.06.2021 тибқи нишондоди замимаҳои 1,2,3 барномаи мазкур сохтмони 143 иншооти соҳаи маориф таъмин гардидааст, ки дар маҷмӯъ, 25,3 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.  
Айни замон, вобаста ба иҷрои барномаи мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳаи муштараки Бонки Исломии Рушд/Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 сохтмону азнавсозии 5 бинои шуъбаи маориф ва сохтмони 66 бинои муассисаи таълимӣ барои 15616 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” корҳои лоиҳакашии иншоот оғоз гардида, тибқи нақша сохтмони иншоот нимсолаи дуюми соли равон дар назар дошта шудааст. 
Ҳамзамон, аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” сохтмони 2 муассисаи таълимӣ барои 884 ҷойи нишаст ва аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм сохтмони 7 иншооти соҳаи маориф барои 960 ҷойи нишаст идома дорад. 
Мавриди зикр аст, ки давоми соли 2017-2020 дар вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 211 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 44819 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 584 млн. 113 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. 
Қайд кардан бамаврид аст, ки берун аз «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ давоми солҳои 2017-2020 дар вилояти Хатлон 84 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 23095 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 350 млн. 958 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. 
Тибқи маълумоти омории дастрасгардида, соли равон дар вилояти Хатлон сохтмону азнавсозии 115 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 23184 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. 
Аз ин шумора, дар доираи Барномаи мазкур сохтмони 32 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 5872 ҷойи нишаст идома дорад. Тибқи нақша сохтмони иншооти мазкур соли равон ба анҷом расонида мешавад. 
Мушкилоти асосӣ дар амалигардонии барномаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҷалб нагардидани сармояи хориҷӣ ва манбаҳои ғайрибуҷетӣ мебошад. 
Яке аз мушкилоти дигар, ин сари вақт пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳаивӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дар қитъаи замини корами обӣ ҷудо кардани қитъаи замин мебошад, ки ин омилҳо барои оғоз намудани корҳои лоиҳакашӣ дар иншооти банақшагирифташуда монеа эҷод менамояд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки  бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва шахсони саховатпеша баҳри таъмини иҷрои барномаи зикргардида чораҳои заруриро амалӣ намуда, ҷиҳати пардохт намудани маблағҳо барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ мусоидат намоянд. 
         
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон