ҶАВОБ БА БАҲСУ МУНОЗИРАҲОИ КОРБАРОНИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВОБАСТА БА “ЛУҒАТИ ВОЖАҲОИ СЕРИСТЕЪМОЛИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ, РУСӢ ВА АНГЛИСӢ”

24-09-2022
 
Чанде қабл аз ҷониби гурӯҳи мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ” таҳия гардид, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.09.2022, №1337  омӯзиш ва азёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ дониста шуд. Ҳамчунин, муҳлати омӯзиш ва азёд кардани он то санаи 31.12.2022 муайян гардид.
Тайи ду рӯзи охир нахуст дар як қатор расонаҳо, сипас дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари нашр ва дастраси хонандагон шудани луғатномаи мазкур паҳн гардид, ки миёни бархе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ нофаҳмиҳои зиёдро ба миён овард.
Тавре омӯзгорон, донишҷӯён, хонандагон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоию ҷомеаи шаҳрвандӣ огоҳанд, тахминан чор моҳ қабл Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дуруст ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русию англисӣ миёни хонандагону донишҷӯён ва тавассути сомонаю саҳифаи фейсбукии вазорат дар ҷомеа назарпурсӣ гузаронид. Яке аз пешниҳодоте, ки бевосита аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ироа гардид, таҳия ва дастраси хонандагону донишҷӯён гардонидани маҳз чунин як луғат буд. Инчунин, бархе аз корбарон ҳатто пешниҳод намуданд, ки луғатнома бояд фарогири беш аз 1500 калима бошад. 
Чун таҷрибаи аввал ва баргирифта аз пешниҳодоти худи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ буд, масъулини вазорат тасмим гирифтанд, ки дар қадами аввал луғатномаро бо фарогирии 400 калима таҳия кунанд. Баъд аз таҳияи луғатнома Вазорати маориф ва илм тавассути сомона ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат намуд, ки фикру андешаҳои худро иброз намоянд. Дар шарҳи муроҷиати вазорат садҳо нафар фикру андешаҳои худро навиштанд ва аксарият аз он ҷонибдорӣ намуда, тақозо карданд, ки ба хотири ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ омӯзишу азёд кардани он ҳатмӣ гардонида шавад.
Маҳз ба хотири забондон намудани насли наврасу ҷавон ва оммавигардонии омӯзиши забонҳои русию англисӣ тамоми таклифу пешниҳодоти корбарони шабакаҳои иҷтимоию ҷомеаи шаҳрвандӣ ва алоқамандони соҳаи маориф ба инобат гирифта шуд, ки дар робита бо ин, фармоиши вазири маориф ва илм ба тасвиб расид.
Воқеан ҳам, дар муқаддимаи “Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ” марому мақсади роҳбарияти вазорат аз таҳияи чунин як луғатнома дуруст дарҷ гардидааст, ки бори дигар зикрашро салоҳ медонем: “Дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз муҳимтарин омилҳо барои фаро гирифтани дониш, хабару иттилоот ва навигариҳои илмию фаннӣ ба шумор рафта, барои боз ҳам бештар барқарор кардани иртиботи гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои дигар мусоидат менамояд. Ба ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷиро барои насли ояндасози кишвар зарур шуморида, ҷиҳати аз худ кардани онҳо пайваста дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсоз медиҳанд. 
Қабул гардидани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30 августи соли 2019, №438) Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳоро водор месозад, ки барои такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ тамоми шароитҳоро фароҳам созанд.
Дар ин росто, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиш ва донистану такмили забонҳои русию англисӣ дастури “Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ”-ро омода карда, донистани онро барои тамоми омӯзгорону хонандагон ва  донишҷӯён ҳатмӣ эълон мекунад. Луғати мазкур 400 вожаи серистеъмолеро дар бар гирифтааст, ки онҳо дар зиндагии рӯзмарра бо забони модарӣ пайваста мавриди истифода қарор мегиранд ва маънои онҳо маълуму фаҳмо аст. Ҳамзамон, донистани ин калимаҳо маҳорату малакаи забономӯзиро ташаккул дода, зимни аз ёд кардани вожаҳо шавқу рағбат барои донистани забонҳои русию англисӣ боз ҳам афзунтар мегардад. Яъне луғати мазкур чун як раҳнамо хидмат хоҳад кард. 
Шакли электронии ин луғат дар сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сомонаҳои муассисаҳои зерсохтори он ҷо дода шудааст. Дар баробари ин, аз ҳамаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон тақозо карда мешавад, ки дар амалигардонии ин иқдоми Вазорат масъулияти баланд нишон дода, зимни аз ёд кардани луғатҳо хонандагону донишҷӯёнро раҳнамоӣ ва назорат намоянд.
Дар иҷрои ин амали нек ва иқдоми боманфиат дар самти омӯзиши забонҳои русию англисӣ ба шумо барору комёбӣ орзу менамоем.”
Гузашта аз ин, ин нукта ҳам боиси таъкид аст, ки Вазорати маориф ва илм дар доираи имконият “Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ”-ро, ки комилан ройгон аст, нашру дастраси тамоми алоқамандони соҳаи маориф менамояд. 
Ҳамзамон, нусхаи электронии он ба унвонии тамоми муассисаҳои таълимӣ ирсол шуда, дар сомонаи расмии Вазорати маориф ва илм ҷой дода шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд, аз он ба таври озод истифода намоянд. Дар баробари ин, ба хотири дастрас будан ба ҳамагон шакли пурраи луғатнома дар нашрияи “Омӯзгор” аз 15.09.2022, №37 (12365) нашр шуда, минбаъд дар ҳар шумораи нашрияи мазкур низ он рӯйи чоп меояд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан, падару модарон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна овозаю хабарҳои беасос бовар накунанд, балки дар омӯзишу азхуднамоии забонҳои хориҷӣ ба фарзандони худ кумак намоянд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон