ЭЪЛОН БАРОИ ДОВТАЛАБОН

08-04-2022
 БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДУРАХШАНДАГОН”
 
Душанбе, 8-уми апрели соли 2022
 
Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар озмуни дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудаст. Бақайдгирии довталабони мазкур аз 11-ум то 22-юми апрел дар дафтари асосии Маркази миллии тестӣ ва бахшҳои минтақавии он, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, ба роҳ монда мешавад.
Лозим ба зикр аст, ки озмуни мазкур барои қабули донишҷӯён аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳое, ки рӯйхати онҳо низ дар зер оварда шудааст, баргузор карда мешавад. Ғолибони озмун аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар донишгоҳҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон таҳсил хоҳанд кард.
Даври аввали озмунро ҷиҳати дарёфти Стипендияи мазкур барои дараҷаи бакалавр ва мутахассис Марказ рӯзи 29 уми апрел дар шаҳри Душанбе дар шакли тест, ки субтест (фан)-ҳои он аз гурӯҳи ихтисосҳо вобаста аст, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мекунад. Дар бораи макони баргузории тест ба ҳар як довталаби номнависшуда тавассути телефон хабар дода хоҳад шуд.
Инчунин, дар даври дигари озмун, ки ба он танҳо довталабони аз тест холҳои баландтаринро соҳибшуда роҳ дода мешаванд, суҳбат сурат мегирад. 
Барои бақайдгирӣ шахсони хоҳишманд бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
1) ариза ба номи директори Марказ (шакли аризаро Марказ муқаррар кардааст ва он дар Марказ ё яке аз бахшҳои минтақавии он ба довталаб пешниҳод карда мешавад);
2) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД бо нусхааш;
3) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд).

                        Рӯйхати ихтисосҳо барои озмуни дарёфти Стипендияи
                         байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                 “Дурахшандагон”

Р/т

Рамз ва номи ихтисос*

Гурӯҳи ихтисосҳо

БАКАЛАВР

1

1-030306 – “Сурдопедагогика – информатика”

3

2

560202 – “Геодезияи муҳандисӣ, маркшейдерӣ ва харитасозӣ”

1

3

94.01.01 – “Огоҳкунӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода”

1

4

1-53010105 – “Автоматонии равандҳои технологӣ дар истеҳсолот (саноати сабук”

1

5

1-30030301 – “Математикаи амалӣ”

1

6

11.03.01 – “Тарҳрезӣ ва лоиҳакашии компютерии воситаҳои радиоэлектроника”

1

7

54.03.01 – “3D-дизайнер, веб-дизайнер, дизайнер-техник дар соҳаи саноати сабук

1

8

22509 – “Физик-механик”

1

9

22491 – “Инженер-конструктор”

1

10

130304 – “Геофизики соҳаи нафту газ”

1

11

55.05.01 – “Коргардон-барномасози чандрасонаӣ (Режиссёр анимации и компьютерной графики – мультимедиа)

3

12

1-5090104 – “Ҳифзи комплекси объектҳои иттилоотонӣ”

1

13

130504 – “Пармакунии чоҳҳои нафт ва газ”

1

14

270112 – “Муҳандис оид ба обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов”

1

15

15.004 – “Мутахассис оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об”

1

16

20.03.01 – “Экотаҳлилгар дар сохтмон”

1

17

26058 – “Филмноманавис”

3

18

260588 – “Наворбардори филмҳои ҳунарию мустанад”

3

19

16611 – “Пиротехник”

1

МУТАХАССИС

1

130306 – “Геохимияи амалӣ, минералогия ва петрология”

5

2

130201 – “Усулҳои геофизикии ҷустуҷӯй ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок”

1

3

2.13.02.06 – “Муҳандис дар соҳаи ҳимояи релегӣ ва автоматика”

1

4

44744 – “Системаҳои автоматикунонии лоиҳакашӣ”

1

5

3.31.08.59 – “Офталмолог барои гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳии ретиналӣ, ҷарроҳии пластикии чашм”

5

6

31.08.39 – “Духтури варзишӣ”

5

7

3.31.08.22 – “Психотерапевт”

5

*барои ҳар яке аз ихтисосҳо 1-ҷойӣ пешбинӣ гардидааст.

                                 Фанҳои имтиҳонӣ вобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳо

Гурӯҳи ихтисосҳо

Субтетҳо (фанҳои имтиҳонӣ)

1

2

3

4

1

Табиӣ-техникӣ

Математика

Химия

Физика

Забони англисӣ

3

Филология, педагогика ва санъат

Таърих

Забони тоҷикӣ/русӣ*

Адабиёти тоҷик/рус**

Забони англисӣ

5

Тиб, биология ва варзиш

Биология

Химия

Физика

Забони англисӣ

* Барои довталабони забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ – имтиҳон аз забони тоҷикӣ ва барои довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ – имтиҳон аз забони русӣ.
** Барои довталабони забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ – имтиҳон аз адабиёти тоҷик ва барои довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ – имтиҳон аз адабиёти рус. 

Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ

1.      Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-     шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

-     телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67.

2.      Хоруғ: бахши минтақавии Марказ:

-     Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 12;

-     телефон: 915 20 72 29.

3.      Рашт: бахши минтақавии Марказ:

-     ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;

-     телефон: (+992 3131) 2 15 78.

4.       Хуҷанд: бахши минтақавии Марказ:

-     вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи  Мадади Сино, 5;

-     телефон: 926 44 11 48.

5.      Панҷакент: бахши минтақавии Марказ:

-     вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи  Лоиқ Шералӣ, 105;

-     телефон: (+992 3222) 5 50 51.

6.       Бохтар: бахши минтақавии Марказ:

-     вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Борбад, 13;

-     телефон: (+992 3222) 3 05 41.

7.      Кӯлоб: бахши минтақавии Марказ:

-     вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26;

-     телефон: 915 57 90 77.

8.      Данғара: бахши минтақавии Марказ:

-     вилояти Хатлон, ноҳияи  Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;

-     телефон: (+992 3312) 2 17 86.