Даъватнома барои иштирок дар озмун

21-02-2019
        1. Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро  барои ширкат дар озмуни кушода бо тариқи иштироки номаҳдуд ва бо ҳуқуқи бастани қарордод барои корҳои ободонӣ дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб даъват менамоем. 

Таъиноти озмун 

Номгӯи кор

Суроға

1.

Корҳои ободонӣ дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб

шаҳри Кӯлоб


         2. Тавсифи муфассал ва шартҳои қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом довталаб бо дархости хаттии вай аз утоқи 102 шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад: 
      Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои озмунӣ ба хазинаи Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм (арзиши ҳуҷҷат 100 сомонӣ). 
     Сана ва вақти кушадони дархост: 11 феврали соли 2019 бо суроғаи ш.Душанбе к.Нисормуҳаммад 13А Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон соати 10:00 дар утоқи 102
      3. Шартҳои боқимонда ва муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ, дарҷ гардидаанд.
телефонҳо барои маълумот;  227-45-02;