Вусъати ҳамкориҳо

18-04-2018
17-20 апрели соли равон вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ба пойтахти Россия- шаҳри Москва сафари корӣ анҷом дода, дар ҷаласаҳои роҳбарони ҳайатҳо оид ба ҳамкории илмию техникии давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (17-18 апрел), Форуми вазирони маориф ва илм дар мавзӯи “Мақсадҳои рушди устувор 4: муколамаи глобалӣ оид ба истифодаи технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ дар таҳсилот” (18-19 апрел), Шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳо-узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (19 апрел) ва ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ (19-20 апрел) иштирок кард. Дар ҷаласаи роҳбарони ҳайатҳо оид ба ҳамкории илмию техникии давлатҳои узви СҲШ дар иртибот ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба Созишномаи байниҳукуматии давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи ҳамкорӣ  дар соҳаи илм ва техника барои солҳои  2016-2020 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои илмӣ ва техникии кишвар дар даврони Истиқлолият ба ҳайси роҳбари гурӯҳ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид сухан ронд. Дар ҷаласа вобаста ба пешниҳоди Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷумҳурии даъватшуда – Ӯзбекистон, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки  дар дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва техника масъалаҳои коркарди технологияи аз нигоҳи экологӣ санҷидашуда, самаранокӣ ва сарфакории энергетикӣ, технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи хоҷагии халқ бо назардошти талаботи истеъмолӣ мавзӯи меҳварӣ қарор дода шавад. 
Дар барномаи ҷаласаи Шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои узви ИДМ нуҳ масъала баррасӣ шуд, ки аксарашон хусусияти тасдиқӣ доштанд. Нахуст, лоиҳаи Созишнома дар бораи додани ҳуқуқи баробар ба шаҳрвандони узви ИДМ вобаста ба дохилшавии онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои ҳамдигар мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷониби Федератсияи Россия даъват ба амал омад, ки масъалаи мазкурро аз нигоҳи қонунгузории давлатҳои узв бори дигар таҳлили ҳамаҷониба карда, ба баррасии Анҷумани V омӯзгорони давлатҳои узви ИДМ, ки моҳи октябри соли 2018 дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст, пешниҳод намояд. Оид ба лоиҳаи Созишномаи давлатҳои узви ИДМ дар бораи таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи шабакавӣ ҷониби Россия муваззаф гардид, ки то нимаи аввали соли ҷорӣ лоиҳаи Созишномаи мазкурро ба ҷонибҳо манзур созад, то дар ҷаласаи навбатӣ оид ба донишгоҳи мазкур изҳори назар намоянд. 
Вобаста ба баргузории Анҷумани омӯзгорони давлатҳои узви ИДМ таъкид гардид, ки тибқи тартиби алифбоӣ Анҷумани V бояд моҳи октябри соли 2018 дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Анҷумани VI соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад. 
Дар Форуми вазирон вобаста ба “Мақсадҳои рушди устувор 4: муколамаи глобалӣ оид ба истифодаи технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ дар мавзӯи “Технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ дар фазои  таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ, мушкилот ва дурнамо”, ки бо дастгирии ЮНЕСКО баргузор гардид,  намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кард. 
Роҳбарони соҳаҳои маориф, илм ва техникаи давлатҳои узви СҲШ ва ИДМ дар ҷаласаҳои зикршуда аз ягонагӣ ва устувории  назарҳо оид ба рушди илму технология ва маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд. 
 

Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон