ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

09-11-2022
Дар заминаи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ оид ба татбиқи “Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8-уми ноябри соли 2022 вохӯрии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода бо намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ хонум Одри Сакс-мутахассиси калони рушди иҷтимоӣ ва роҳбари гурӯҳи корӣ доир гардид. 
Дар рафти вохӯрӣ З.Абдулзода миннатдории Вазорати маориф ва илми кишварро ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои вазорат дар самти таҳсилоти иловагӣ баён намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дар 5 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бинои нави марказҳои таҳсилоти иловагӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати рушди соҳаи таҳсилоти иловагӣ ва густариш додани ҳамкориҳо сохтмони бинои марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ дар назар дошта шудааст.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ модулҳои омӯзишӣ, аз ҷумла Иштироки судманд ва саҳми ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, Саломатӣ ва некӯаҳволии наврасон, Барномаи таълимии тафаккури зеҳнӣ, Дастурамал оид ба барномаи «Пешсаф» ва Саводнокии рақамӣ таҳия гардида, аз ҷониби Шӯрои миллии таҳсилот дастгирӣ ёфт.