Вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода бо Адҳам Мусаллам

22-07-2021
19-уми июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм бо Адҳам Мусаллам – роҳбари намояндагии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Нуралӣ Собирзода – муовини вазири маориф ва илм, Бадриддин Музаффарзода - сардори раёсати  иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм ва намояндагони дигар раёсатҳо иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани хӯрока дар сатҳи миллӣ, кӯмак намудан ба аҳолии зарардида аз заминларзаи рӯзи 10.07.2021 рухдода (махсусан омӯзгорон), таъмири мактабҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт ва таъмири дегдонхонаҳо ва ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ мубодилаи афкор намуданд.
Вазири маориф ва илм М. Имомзода иброз дошт, ки БОҶ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ дар давраи хуруҷи бемории COVID-19 ба 22 000 оила маводи озуқаворӣ тақсим намуд. Тавассути ин тақсимот, оилаҳои хонандагони аз ҳама осебпазир 1300 тонна орди витаминдори гандум ва равғани растаниро гирифтанд. 
Ҳамчунин, зикр гардид, ки тибқи пешниҳоди Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддошти консептуалӣ оид ба татбиқи омӯзишии интиқоли пули нақдӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии интихобшударо ба роҳ монад, то ки мактабҳо хариди мустақими молҳои озуқавориро аз бозори маҳалли худ ба роҳ монанд. Тибқи дастури муовини Сарвазири кишвар, ҳоло ин консепсия дар байни коршиносони техникии вазорату кумитаҳои дахлдор баррасӣ шудааст ва дар моҳи сентябри соли 2021 бо ҳамоҳангсозии Вазорати маориф ва илм татбиқи он оғоз хоҳад шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ назаррас буда, фаъолияташро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз намудааст. Мақсади барнома дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани хӯрока дар сатҳи миллӣ мебошад. Барномаи мазкур аз соли 1999 инҷониб татбиқи барномаи ғизои мактабиро дастгирӣ менамояд.
Барномаи ғизои мактабии БОҶ ҳамчун кӯмаки иловагӣ дар баробари системаи ҳифзи иҷтимоии давлатӣ баромад менамояд. Ҳадафи Барнома мусоидат намудан ба таъмини таҳсилот, тандурустӣ ва ғизо барои ҳар як кӯдак мебошад.
Бахтовар Сафаров