ВОХӮРӢ БО ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ - ИНТЕРНАТ

22-12-2020
 
  Нимаи дуюми 22 декабри соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, бахусус, табақаи ниёзманди аҳолӣ барои дар арафаи Соли нави мелодӣ расонидани кумакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Одиназода, сардори раёсати моарифи вилоят Осим Каримзода ва раиси Иттифоқи касабаи кормандони морифи вилоят Мӯсобек Мироватов бо мақсади вохӯрӣ ва аёдат ба мактаб - интернати шаҳри Бӯстон ташриф оварданд. 
   Зимни шиносоӣ бо тарбиятгирандагон қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри дастгирии ятимон ғамхорӣ зоҳир менамояд. 
  Аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи тарбиятгирандагони мактаб-интернат тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.