ТАҲТИ УНВОНИ “ПАРЧАМ – ИФОДАГАРИ ИҚБОЛУ ИСТИҚЛОЛ ВА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ” КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

23-11-2022
23-юми ноябри соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчам – ифодагари иқболу истиқлол ва ормонҳои миллӣ” конференсияи илмӣ- назариявӣ баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеъ ва як қатор омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ  иштирок намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, вазири маориф ва илм ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта, ҳамзамон, қайд намуд, ки Парчам рамзи озодии миллат, ифтихори миллӣ ва ҳисси баланди меҳандӯстиву хештаншиносӣ ба шумор меравад.
- Парчам дар тӯли садсолаҳо мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдорӣ мақому манзалати махсус дорад. Вақте ба таърихи гузаштаи халқамон назар меафканем, мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми сарзамини худ ҷонбозиҳо кардаанд. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ба ҳисоб меравад,-зикр кард вазири маориф ва илм Р.Саидзода.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода дар идома таъкид намуд, ки соли 2010 бунёди манораи бузурги Парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, ҳамчун «Майдони парчам» номгузорӣ шуд. Мардуми кишвари азизамон имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд.
Дар конференсия, ҳамчунин, маърӯзаи Некрӯз Қудратов –сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Заминаҳои ҳуқуқии танзим ва ҳифзи Парчами давлатии Тоҷикистон” ва маърӯзаи Давлатшоҳ Маҳмудзода – муаллими калони факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мавзуи “Парчам – рамзи иқбол ва истиқлоли тоҷикон” шунида шуд.
Дар фарҷоми конференсия Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки эҳтироми маорифчиён ба рамзҳои давлатӣ, хусусан, Парчами давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки баҳри рушди бемайлони соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла беҳтар гаштани сифати таҳсилот дар кишвар ва таълиму тарбияи дурусту мукаммали насли наврасу ҷавон тамоми саъйю талоши худро ба харҷ дода, хонандагону донишҷӯёни тоҷик зимни иштирок дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ тавассути афрохтани Парчам кишвари азизамон – Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд.