СУЛТОНИ ҚАЛБИ МАРДУМИ БЕДОРДИЛ

30-03-2018
(Ёде аз устод профессор Султон Наврӯзов) 
Инсонҳои бузург беназир ва бебаҳоянд. 
Фазилати эшон   ин  аст,  ки  ҳеҷ гоҳ ба муаррифии  каси  дигаре  ниёз  надоранд. 
Онҳо  он қадар комил ва пурраанд,  ки ба вуҷудашон гардеро афзудаву кам кардан имкон надорад.
Алихон Зарифӣ
 
 Мардони хирадманд, покҷавҳару нексиришт ва ҷасуру росткор ҳамеша ва дар ҳар давру замон мавриди эҳтиром ва писанди ҳамагонанд. Зеро ки онҳо бо хислату фазилатҳои хоси худ дар ҷомеа нодиру камназиранд. Эшон хушбахтии худро дар саодати мардум дониста, ҳаргиз барои манфиати шахсии худ талош намеварзанд. Аз ин рӯ, ин гуна ашхос тавассути хираду фазилатҳои наҷиб ва амалҳои неки хеш дар зеҳнҳо боқӣ монда, аҳли ҷомеа онҳоро  қадршиносӣ  менамояд ва азиз медорад. 
Ҳадаф аз ин гуфтаҳо зикри чанд лаҳзае аз рӯзгор ва фаъолияти илмию педагогии олими маъруфи тоҷик, устоди закӣ, ҳалиму ғамхор, доктори илми фалсафа, профессор Нарӯзов Султон Наврӯзович мебошад, ки 25-уми январи соли ҷорӣ  аз олам гузашт. 
Профессор Султон Наврӯзов, воқеан, шахсияте буд, ки дар ҷомеаи илмии Тоҷикистон, на танҳо чун олими варзидаи соҳаи  фалсафа, балки чун рамзи ҷасорату мардонагӣ, хоксорию нексириштӣ, покию ростӣ мавриди эътироф ва эҳтиром қарор дошт. Устод С.Наврӯзов аслан, ба муаррифӣ чандон эҳтиёҷ надорад. Зеро шахсияте бо чунин пуррагии сатҳи донишу ҷаҳонбинии илмӣ, фурӯтанию қаноатпешагӣ ва дигар фазилатҳое, ки дар замири ин марди адолатҷӯ ниҳон буданд, дар байни аҳли илми кишвар шояд ангуштшумор бошад. 
  Професор Наврӯзов Султон Наврӯзович 31-уми марти соли 1939 дар деҳаи Балҷувони собиқ вилояти Кӯлоб ба дунё омадаст. Соли 1953,  замоне ки устод С.Наврӯзов дар синфи 6-ум  таҳсил мекарданд, оилаи онҳо ба деҳаи Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб кӯчида меояд ва ӯ мактаби миёнаро  дар ҳамин деҳа  хатм менамояд. 
Бояд зикр намуд, ки фъолияти устод Наврӯзов аз  айёми ҷавонияш ба таълиму тарбия ва кори педагогӣ  пайвастагӣ дошт. Ӯ ҳанӯз  соли 1957, яъне дар синни 18-солагӣ ҳамчун сардори пионерони мактаби деҳаи Гулзори ноҳияи Кӯлоб ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Баъди як сол ӯ ба шӯъбаи таърихи факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил мешавад. Таҳсил дар ин факултет  дари донишу маърифат ва роҳ ба сӯи қуллаҳои илмро барои С.Наврӯзов боз менамояд. Дар ин давра дар факултети мазкур олимони машҳуре аз қабили А.Г.Сланимский, Хайтун Давид Ефимович, Ю.А.Шибаева, Эркаев Мулло Эркаевич кору фаъолият мекарданд, ки онҳо дар ташаккули тафаккур ва ҷаҳонбинии С.Наврӯзов нақши муҳим гузоштанд. Устод С.Наврӯзов  ҳамеша аз онҳо ба некӣ ёд мекард ва арзи сипос менамуд.
Устод Наврӯзов соли 1963 факултети номбурдаро бо муваффақият хатм намуда, баъди он як сол дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба сифати мусаҳҳеҳ ва муҳаррири хурд  фаъолият менамод. 
Аз соли 1964 дар зиндагии устод С.Наврӯзов марҳилаи нав ва хеле муҳим оғоз гардид, ки он дар ҳаёту фаъолияти минбаъдаи ӯ нақши муҳим гузошт. Ҳамон сол устод С.Наврӯзов ба аспирантураи кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Россия дохил мешавад. Таҳсил дар аспирантураи ин маркази бонуфузи илмӣ ва ҳамкорӣ бо донишмандону файласуфони он барои рушд ва пешрафти муваффақонаи олими ҷавон мусоидат намуд. Муҳаққиқи ташнаи илму дониш барои амалӣ гардидани мақсаду мароми худ кӯшишу ғайрат  намуда, фазои мусоиди ин маркази илмиро самаранок истифода бурда тавонист. Иродаю матонати ӯ ба ҳама мушкилиҳо ғолиб меомад. Ин буд, ки ӯ аспирантураро аз рӯи ихтисоси фалсафаи иҷтимоӣ бо муваффақият ба анҷом расонд ва рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Аҳамияти иҷтимоии электриконии деҳоти Тоҷикистон” пеш аз муҳлат  дифоъ намуд.
С.Наврӯзов баъди хатми аспирантура, соли 1968 дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуда,  то соли 1976 ба сифати муаллими калон ва дотсент дар кафедраи номбурда фаъолият менамояд.  Аз соли 1976 то соли 1988 дар вазифаи мудири кафедраи  атеизми илмӣ  ва аз соли 1988 то моҳи феврали соли 2011 дар  вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  фаъолият намудааст. Дар маҷмӯъ устод Нарӯзов С.Н. 34 сол ин вазифаи масъулиятнокро ба ӯҳда дошт. Қобили зикр аст, ки дар тамоми давраи фаъолият дар ин вазифа ӯ бо хайрхоҳӣ, поктинатӣ, ҷиддият ва масъулияти баланд намунаи дигарон буд. Дар бораи кӯмаку дастгириҳои беғаразонаи устод С.Наврӯзов ба олимони ҷавон ҳоҷати гап нест. Чи кормандону аспирантон ва чи донишҷӯён  аз ӯ бо некӣ ёдовар мешаванд.  
Устод С.Наврӯзов тамоми фаъолияти илмию эҷодиашро дар  ҳамин кафедра пушти сар намудаст. Донишгоҳи миллӣ барои ӯ як макони хеле азизу муқаддас  маҳсуб мешуд. Ин буд, ки ба ҳама мушкилоте, ки дар давраҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти ӯ дар ин муассиса пеш меомаданд, нигоҳ накарда, ин макони илму маърифатро тарк накард.  Аҳли зиёи ҷумҳурӣ хеле хуб медонанд, ки устод С.Наврӯзов, дар баробари олими донишманд ва муҳаққиқи сермаҳсул будан, аслан, марди мубориз буд ва беадолатию тамаллуқ ва хушомадро дар ягон шакл қабул надошт. Манфиатҷӯӣ ва маҳалгароӣ барои ӯ бегона буд. Шогирдоне, ки зери роҳбарии ӯ рисолаҳои илмӣ ҳимоя намудаанд, аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриянд.
 Қобили зикр аст, ки  фазилатҳои бузурги инсонии устодро мо аз айёми донишҷӯӣ хуб эҳсос мекардем. Устод лексияҳоро бо маҳорати баланди педагогӣ мегузашт, ҳамеша бе конспект-озод ҳарф мезад.   Ҳангоми дарсҳо хеле ҷиддӣ ва серталаб буд, вале зимни қабули имтиҳон ба донишҷӯён муносибати дилсӯзона, беғаразона ва хайрхоҳона дошт. Ин аст, ки устод С.Наврӯзов бо ҳамин хислату фазилатҳояшон дар зеҳни шогирдон чун рамзи донишу заковат, покию ростӣ, ҳақиқату адолат ва ҷасорату матонат боқӣ мондааст ва маҳз бо ҳамин хислатҳо то ҳол донишҷӯён ӯро ёдовар мешавану азиз медоранд.  
Қобили зикр аст, ки Султон Наврӯзович дар давраи фаъолияти илмӣ ва илмӣ-педагогияш дар ин кафедра ҳамчун олими баркамол ва варзида на танҳо дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, балки дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ гардида, мавриди эътирофи аҳли илму маориф қарор гирифт. Ӯ фаъолияти илмӣ ва илмию педагогиро бо ҳам пайваста, дар рушди илми фалсафа, тарбияи кадрҳои илмӣ ва мутахассисони болаёқат барои соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷумҳурӣ саҳми муҳим гузошт. 
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии С.Наврӯзовро вобаста ба хусусиятҳо ва масъалаҳое, ки мавриди пажӯҳиш қарор доштанд, шартан ба ду марҳила ҷудо намудан мумкин аст. Марҳилаи якум, масъалаҳоеро фаро мегиранд, ки барои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимою фарҳангии Тоҷикистон дар солҳои  60-ум ва 70-ум  аҳамияти муҳими илмӣ ва амалӣ доштанд.  Ӯ дар ин давра тавассути матбуоти даврӣ оид ба масъалаҳои барои ин  марҳилаи ҷомеа хеле муҳим мақолаҳои зиёд ва арзишмандро ба табъ расонда, натоиҷи тадқиқоти хешро  пешкаши хонандагон  намуд. Аз ҷумла, “Электриконидан ва рушди деҳоти Тоҷикистон”(1966), “Аҳамияти иҷтимоии электриконидани деҳоти Тоҷикистон”(1967), “Электриконидан ва дигаргуншавии фарҳанг ва  тарзи зисти деҳоти Тоҷикистон”(1968), “Интернатсионализми пролетарӣ  ва принсипҳои он”(1971), “Илм ҳамчун қувваи истеҳсолкунанда”(1973), “Роҳи тараққиёти ғайрикапиалистӣ ва прогресси иҷтимоии халқҳои дар гузашта ақибмонда”(1974), “Революцияи илмӣ-техникӣ ва оқибатҳои иҷтимоии он”(1974) ва ғайра мақолаҳое буданд, ки  таҳлил ва пажӯҳиши масоили марбут ба принсипҳои тарзи нави ҳаёт дар шароити пешрафти илму техника, электриконии хоҷагии халқ ва таъсири он ба ҳаёти иҷтимоӣ ва тарзи зисти мардуми деҳот, инқилоби илмӣ-техникӣ ва оқибатҳои онро дар бар мегирифтанд. 
Марҳилаи дуюми фаъолияти таҳқиқотии устод С.Наврӯзов, аслан аз миёнаҳои солҳои 70-ум оғоз меёбад. Дар ин давра таваҷҷӯҳи устод ба масъалаи дигар-ҷанбаи иҷтимоӣ-фалсафии қобилияти инсон равона мегардад ва дар ин самт силсилаи мақолаҳо ва асарҳои устод ба нашр расиданд. Бояд зикр намуд, ки иқдоми аввалин дар ин равия таълифи  мақолаи ӯ бо номи ”Шахсият, қобилият, эҷодиёт” маҳсуб мешавад, ки соли 1971 дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” ба табъ расид ва метавон гуфт, ки ин мақола дар бунёди равияи тадқиқотии  професссор С.Наврӯзов хишти нахустин гардид. Баъдтар, асару мақолаҳои ӯ, аз қабили “Танқиди  консепсияи биологизатсияшудаи қобилият ва олами ботинии шахсият”(1975), “Қобилият ва фаъолият”(1977), “Марксизм ва масъалаи қобилият”(1978) ва ғайра, ки бевосита ба пажӯҳиши ин масъала бахшида шудаанд, таълиф  ва нашр гардиданд. Муаллифи ин асарҳо ҳамчун муассиси мактаб ё равияи нав дар фалсафаи муосири тоҷик мавриди эътирофи олимону файласуфон қарор гирифт.
Бояд зикр намуд, ки устод Султон Нарӯзов ҳамчун олими ҷӯянда дар ҳалли масоили илмӣ ҳамеша андеша ва мавқеи худро дошт. Бинобар ин, баҳсу талошҳо дар фаъолияти илмӣ-тадқиқотии ӯ мақоми махсус дошта, метавон гуфт, ки муҳаққиқе чун устод Наврӯзов бо чунин эътимоду иродаи қавӣ дар майдони баҳси илмӣ шояд кам бошад. Гузаштан ба равияи нави илмӣ-тадқиқотӣ низ натиҷаи баҳси илмии эшон дар солҳои 70-ум бо файласуфи маъруфи тоҷик Акбар Турсунов (Акбари Турсон) мебошад, ки бешубҳа, ин баҳс барои рушди минбаъдаи  ҳар ду олими боистеъдоди тоҷик мусоидат намуд. Дар ин маврид худи донишманди тоҷик Акбари Турсон баъди нашри мақолаи С.Наврӯзов “Академические игры...” (1998)  ва баҳсҳо дар атрофи он дар мактубашон аз ИМА навиштааст: “Замоне, вақте ки ҷавонтар будему хунгарм, бо ҳам баҳс доштем. Ҳар гуна баҳс муфид аст, баҳси мо ҳам беаҳамият набуд... ва имрӯз навишатҳои шуморо ман пурра ҷонибдорӣ мекунам”. (Рӯзномаи “Тоҷикистон” №15(715). 10.04.2008).
Бояд ёдовар шуд, ки аввали солҳои 80-ум устод Наврӯзов С.Н. дар роҳи фатҳи қуллаҳои баландтари илм кӯшиш намуда, ба майдони васеи  он ворид гардид. Ӯ барои боз ҳам ҷиддитар машғул шудан ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, соли 1982 ҳамчун ходими калони илмии Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистон  ба таҳқиқи васеъ ва фарогири ин масъала, яъне “қобилияти инсон” шурӯъ намуд. Натиҷаи пажӯҳиш ва ҷустуҷӯҳои устод дар шакли рисолаи докторӣ бо унвони “Қобилияти инсон(ҷанбаи иҷтимоӣ-фалсафӣ), соли 1992 дар  шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар ҳузури донишмандони маъруфи рус бомуваффақият ҳимоя карда шуд. Заҳматҳои устод аз ҷониби донишмандони рус мавриди эътироф ва сазовори баҳои баланд гардид. Мавриди зикр аст, ки мавқеи устод оид ба масъалаи мазкур аз сабку усули анъанавии таҳқиқотҳои дар ин самт ба анҷомрасида фарқ дошта, афзалият дорад. Муаллиф доир ба ин мавзӯъ дар конференсияҳои  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Томск, Волгоград, Киев ва ғайра бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, ҷомеаи илмиро бо андешаҳои тозаи илмии хеш ошно сохтааст.
Тавре ки худи устод мегуфт: “Олиме, агар маҳсули илмӣ надорад, ӯ худро дар ҷомеа нороҳат ҳис мекунад ва мавриди эҳтироми ҷомеа қарор намегирад”. Воқеан ҳам, олими асил бояд мактаби худ, равияи илмии худро дошта бошад, вале соҳибмактаб будан низ ба ҳар олим муяссар намешавад. Ман бо итминини комил ва ифтихор гуфта метавонам, ки профессор С.Наврӯзов олими соҳибмактаб буда, равияи хоси илмии худро дошт ва дар ин равия шогирдони зиёдеро тарбия намуда ба камол расонидааст.  
 Аз ҷониби эшон, дар фалсафаи муосир як силсила асарҳо, аз  қабили “Человеческие способности. Социально-философский аспект”(1990), “Человеческие способности: соотношение социальных и биологических аспектов”(1991), “Человеческие способности: общественно-жизненный смысль”(2001), “Гармония и дисгармония человеческих способностей и потребностей”(2004), рисолаи “Инсон”(2001) ва даҳҳо асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ таълиф гардида,  манзури муҳаққиқони фалсафа ва дигар хонандагон гардонда шудаанд. Дар маҷмӯъ ба қалами профессор Наврӯзов С.Н. зиёда аз 23 китобу рисолаҳо ва 90 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ таааллуқ доранд.
Дар баробари фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ профессор С.Наврӯзов дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ саҳми калон гузоштааст. Зери роҳбарии бевоситаи эшон се нафар рисолаҳои докторӣ ва 8 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд. Шогирдони устод Наврӯзов имрӯз чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ маҳсуб мешаванд. Аз ҷумла, Саид Нуриддин Саид, Давлатов Муродулло Исматович, Саидов Зафар Шералиевич ва дигарон, ки аз дастпарвари чунин шахс будан ҳамеша ифтихор доранд. 
Банда низ зери роҳбарии устод С.Наврӯзов рисолаи доктории худро ҳимоя намуда, аз маслиҳату кумакҳои хайрхоҳонаи он кас баҳравар шудаам ва барои ман  шогирди чунин устод будан мояи ифтихор аст. Шогирдон ҳамеша аз дастгирию кӯмакҳои беғаразона ва хайрхоҳию меҳрубониҳои устод бархӯрдор буданд ва ҳамеша сипосгузоранд. Зеро на ҳама роҳбарҳои илмӣ  чун устод С.Наврӯзов дар пешрафту рушди шогирдон саҳмгузор ва ғамхоранд(аслан, бояд эътиоф кард, ки ин гуна роҳбарҳои илмӣ хеле каманд).
Профессор С.Наврӯзов фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва тарбияи кадрҳои илмиро бо фаъолияти педагогӣ пайваст намуда, дар таълифи чандин китобҳои дарсӣ ширкат варзида, муаллифи  барномаҳои таълимӣ аз фанни фалсафа мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир вобаста ба хароб гардидани  вазъи илм ва сифати корҳои илмию тадқиқотӣ дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ, хусусан дар соҳаи фалсафа аз ҷониби устод С.Наврӯзов як силсила асарҳо дар жанри танқиди илмӣ таълиф ва пешкаши хонандагон гардиданд. Аз ҷумла, “Инқилоби бузург дар фалсафа”(2006), “Бозиҳо дар илм”(иборат аз ду китоб) (2012), “Илм: инкишоф ё инқироз?”(2012), “Инсон – категория, одам-категория”, “Файласуфони гумном ё арвоҳҳо дар фалсафа”(2016) ва амсоли инҳо, ки ба таҳлили вазъи имрӯзаи илми фалсафа ва таҳқиқотҳое, ки солҳои охир дар ин самт анҷом дода шудаанд, аз ҷониби Султон Наврӯзович мавриди танқиди ҷиддӣ ва воқеӣ қарор гирифта буданд. Ҳадаф аз танқидҳои  профессор С.Наврӯзов танҳо пешгирӣ намудани хатокориҳо дар фаъолияти шӯроҳои ҳимоя, соҳибунвон гардидани ашхоси камсаводу камдониш, нашр гардидани тадқиқотҳои хом, камарзишу дар сатҳи пасти илмӣ қарордошта ва дар маҷмӯъ, ҳимояи нуфузу эътибори илм ва олим дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон буд. 
Бояд зикр намуд, ки ӯ бо асарҳо ва тадқиқотҳои барои илми муосир хеле муҳим, дар байни олимони ҷомеашинос мақоми арзанда дошт. Вале он чи ки солҳои охир ӯро бештар маҳбуби ҷомеаи илмии Тоҷикистон гардонд, ин асару мақолаҳо ва таҳлилҳои асосноки танқидии ӯ оид ба вазъи  илми муосири тоҷик буд.
Албатта, танқиди илмӣ ҳунари ҳар кас нест. Танқид ва баҳси илмии созанда аз олим дониши мукаммал, ҷасорату ҷавонмардӣ, ростию беғаразиро талаб мекунад. Ҳадафи асосии танқиди илмӣ, пеш аз ҳама, ҳимоя ва эҳтироми илм ва олими асил, поксозии он аз асарҳои беарзиши ашхосе, ки тасодуфан ба соҳаи мазкур омадаанд (мутаассифона, имрӯз сафи онҳо кам нест), тадқиқотҳою навиштаҳои бепояву барои илм бегонаи онҳо, ки хазинаи илмро бо маводи нодаркор пур мекунанд, маҳсуб мешавад. Маҳз ҳамин зарурат профессор С.Наврӯзовро водор менамуд, ки ба таҳлили танқидии илм ва равандҳои номатлуби дар ин самт вуҷуддошта садо баланд намояд.  
Устод сабку услуби хоси навишти худро дошт: сатҳи баланди илмӣ-таҳлилӣ, танқидӣ ва ҳаҷв(юмор). Бо ҳама ҷиддият ва ғазабу ҷазабае, ки доштанд, ӯро ҳамеша дар ҳалқаи дӯстону шогирдон бо чеҳраи хандон ва ҳазлу шӯхӣ дарёфтан мумкин буд. Лутфи сухан ва ҳаҷви нозуки он кас ҳам дар сӯҳбат ва ҳам дар навиштаҳои танқидияш баръало эҳсос мешуд. Эшон шахси зирак ва доною ҳозирҷавоб буданд ва ба ҳар ҳаҷву шӯхӣ ҳатман ҷавоби  мувофиқе меёфтанд.
Устод ба дигарон шӯхӣ мекард ва худаш низ ҳазлу шӯхиро хуб қабул мекард. Одате дошт, ки ба дигарон вобаста ба симои зоҳирӣ ё хулқу атворашон тахаллусе мегузошт ва худаш низ  тахаллусе дошт, ки онро танҳо доираи маҳдуди дӯстонаш медонистанд ва баъзан бо ҳамин тахаллус ба он кас муроҷиат мекарданд. Ӯро барои хислати тез, нерӯи ҷисмонӣ, ҷасорат ва ғурури беандозааш дӯстонаш “Вулкан” мегуфтанд. Лекин ин унвон, на танҳо чун рамзи  хислату хулқу атвор ва рафтори зоҳирияш ба устод мувофиқат мекард. Балки эшон, воқеан, дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар илм низ, чун вулкан ҳамеша дар хурӯш буда, неруи қавӣ дошт. Хусусан, асарҳои солҳои охир таълифнамуда ва баҳсҳои илмиашон бо гурӯҳҳои мухталиф далели ин гуфтаҳост. С.Наврӯзов “Вулкан”-и ҷомеаи илмӣ буд, ки дар муқобилаш истодагарӣ кардан мушкил буд. Воқеан, устод дорои истеъдод ва ҷасорати бесобиқа буд.
  Дигаргуниҳое, ки имрӯз ҷомеаи моро фаро гирифтаанд, хусусан тағйир ёфтани муносибат ба арзишҳои маънавӣ, поин фаромадани мақом ва нуфузу эътибори аҳли зиё ва фарҳангу маориф  дар ҷомеаи муосир, мақом ёфтан ва болонишин гардидани афроди бедонишу каммаърифат дар маҷмӯъ, эҳтиёҷоти ҷомеаи моро ба ашхоси ватандӯст, поквиҷдону росткор бештар месозад. Имрӯз ҷомеа ба ин гуна одамон, ки ҳастии худро баҳри ободӣ ва рушди Ватан  мебахшанд, ниёз дорад. Профессор С.Наврӯзов маҳз аз зумари ҳамин гуна мардон  буд, ки дар рафтору гуфтори ӯ ҳамеша садоқат ва самимият ба Ватан ва ба аҳли ҷомеа эҳсос карда мешуд. Тамаллуқ ва манфиатҷӯӣ барои ӯ бегона буд. Ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ кас чунин амалҳоро дар тӯлӣ фаъолияти он кас мушоҳида накардааст.  
Метавон гуфт, ки  профессор С.Наврӯзов бо таҳқиқотҳо ва фаъолияти илмию омӯзгорияш дар ғанӣ гардондани хазинаи зеҳнии ҷумҳурӣ ва илми ҳикматшиносӣ саҳми бузург гузошта, ҳамчун зодаи ин сарзамин рисолати ватандорӣ ва шаҳрвандиро бо сари баланд ва ифтихори бузург  иҷро намудааст. 
Шарафмардо, саросар зиндагоният пур аз панд аст,
Ватан як умр андар орзуи чун ту фарзанд аст. (Хайрандеш)     
Хизматҳои  С.Наврӯзов аз ҷониби Донишгоҳи миллӣ, Вазорати маориф ва Ҳукумати Ҷмҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардида, ӯ сазовори унвони “Аълочии мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ”(1989),  “Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон”(1994), “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”(1998) ва “Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”(2010) гардидааст.
 Бисёр рамзист, ки  зодрӯзи устод С.Наврӯзов (31-уми март) ба  рӯзҳои таҷлили ҷашни “Наврӯз”-и хуҷастапай дар кишвари азизамон рост меояд ва боиси таассуф аст, ки имсол шогирдон ва наздикон ин ҷашни аҷдодиро бе ширкати устод баргузор месозанд. Шоир Хайрандеш  фармудааст: 
Султони Наврӯз аз раҳи Наврӯз мерасад,
Зулмотнописанду шабафрӯз мерасад.
Устод С.Наврӯзов ин баҳор синни мубораки 79-ро пур карда, ба 80 қадам мегузошт, вале умр ба ӯ вафоӣ накард. Ӯ дар суҳбати охиронаш бо шогирдону ҳамкорон шӯхимомез гуфта буд: "Марг бисёр номард ва маккор аст. Ба фикрам дар лаҳзаҳои охири умр маро гӯл мезанад.  Вале, бачаҳо ба шумо росташро мегӯям. Ман аслан, аз марг ҳеҷ тарсе надорам...»  Устод воқеан, маргро мардонавор қабул кард. Ду моҳ пеш дили ин файласуфи бузург, марди  фозил, ҷасуру ғаюр, хоксору адолатхоҳ аз тапиш монд. Вафоти профессор Султон Наврӯзов  барои аҳли илм ва зиёиёни бедордили кишвар, инчунин барои илми ҷомеашиносии тоҷик  талафоти вазнин ба шумор меравад. 
Султони илм бемаҳал бо дарди дил гузашт,
Султони қалби мардуми бедордил гузашт.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки профессор Султон Наврӯзов  намунаи беҳтарини олими асил маҳсуб мешуд ва бо фазилатҳои  олии инсонии худ: - ростӣ, адолатпарастӣ, ҷасорату мардонагӣ, хоксорию  қаноатпешагӣ  дар ҷомеаи илмии кишвар  мавриди  эҳтиром қарор дошт.
Султони хоксору ғаюру ҷасуру зӯр,
Рафт аз ҷаҳони тира ба дорулбақои нур.
Султони яктан, якраҳу якрӯву якзабон,
То зиндагӣ бақост, азиз асту ҷовидон. (Хайрандеш)  
 Устоди азиз ва ғамхор, султони илм профессор Султон Наврӯзов маҳз бо ҳамин  фазилатҳояш дар зеҳну хотироти дӯстону ҳаммаслакон, шогирдон ва аҳли илми кишвар боқӣ хоҳад монд.
Ёдашон ба хайр!
Абдураҳмон Қурбонов,
доктори илмҳои фалсафа, сардори 
Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди 
                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  
 
______________________________________________________________
 
Султони илм
(Ёде аз абармарди илми тоҷик профессор Султон Наврӯзов)
 
Султони илм бемаҳал бо дарди дил гузашт,
Султони қалби мардуми бедордил гузашт.
Султони ҳақпарасту ватандори беназир
Султони ҳақшиносу ҳақомолу ҳақпазир.
Султони дар талоши адолат далеру род,
Султони дар ниҳод ҷасорат зи ҳад зиёд.
Султони дӯст бар ватану миллату саро,
Душман ба мардумони ҳабису маҳалгаро.
Султони шерпайкари дар ҳар мақом шер,
Султони дар садорату дар банду дом шер.
Султони мо салобати бас дилписанд дошт,
Дар ҳазлу танз санъати беҳад баланд дошт.
Султони мардҳову матин дар набардҳо,
Султони дар набардҳо ибрат ба мардҳо.
Султони ному ҳикмату ирфону фалсафа,
Шод аз ҷаҳон ту рафтию монд ин ҷаҳон хафа.
Султони қалбҳову илмҳову ҷодаҳо,
Султони ақлҳову амалҳо, иродаҳо,
Султони хоксору ғаюру ҷасуру зӯр,
Рафт аз ҷаҳони тира ба дорулбақои нур.
Султони яктан, якраҳу якрӯву якзабон,
То зиндагӣ бақост, азиз асту ҷовидон.
Хайрандеш, 15.03. 2018