СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС

29-09-2021
29-уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи Барномаи байнидавлатии “Душанбе - пойтахти фарҳангии ИДМ - 2021” бо иштироки омӯзгорони забон ва адабиёти руси муассисаҳои таълимӣ таҳти унвони “Такмили таълими забони русӣ дар аудиторияи хориҷӣ ҳамчун роҳи эҷоди фазои ягонаи таълимӣ” семинари омӯзишӣ шурӯъ гардид. 
Семинар кори худро то 2-юми октябр дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия идома дода, ба иштирокдорон омӯзгорони варзидаи Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин Т.В. Кудоярова, А.С. Зайцева ва В.М. Филиппова вобаста ба мавзуъҳои таъсири интерферентсияи забони модарӣ дар таълими забони русӣ (сатҳи фонетикӣ ва акцентология), истифодаи захираҳои портали "Таълим бо забони русӣ" дар таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, ташаккули салоҳияти касбӣ тавассути забони русӣ дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ мастер-классҳо доир мекунанд. 
Ёдовар мешавем, ки ташкилкунандагони семинари мазкур Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин ва Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе мебошанд.