Пешвои миллат - поягузори Артиши миллӣ

23-02-2018
 
 Дар охири асри XX  дунё ба дигаргуниҳои куллӣ мувоҷеҳ гардид ва як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ истиқлолияти комил ба даст оварданд. 
Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат  пош хӯрд  ва Тоҷикистон  соҳиби давлати мустақил шуд. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба халқи тоҷик мушарраф гардид, душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷикро ба таҳлука андохт. Онҳо аз танаффус ва холигии фазо дар фосилаи пошхӯрии Итттиҳоди Шӯравӣ ва ҳанӯз ташаккулу такомул наёфтани давлати миллии тоҷикон истифода намуда, бо ба роҳ андохтани моҷароҳои сиёсӣ, дар давлати ҷавон ва аз лиҳози ҳарбӣ камқувват, бо ташкили ҳамоишу майдоннишиниҳо ҷанги  шаҳрвандиро ба вуҷуд оварданд. Хатари маҳв шудан ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон ба таври ҳамешагӣ нопадид гардидани давлати Тоҷикистон ба миён омад. Иқтисоди кишвар ба сатҳи паст фаромада, вазъи зиндагии мардум мушкил ва тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар фалаҷ гардиданд. Мардуми ҷангзада рӯ ба фирор оварданд, нобасомониҳо дар кишвар авҷ гирифт. Ҳукумати навтаъсиси ба ном  муросои миллӣ аз уҳдаи идораи давлат ва гурӯҳҳои ҷангхоҳ намебаромад, зеро мардум ба ин ҳукумат чандон боварӣ надоштанд. Дар ин давра шахсе лозим буд, ки зимоми идораи ҳукуматро ба даст гирад, ба ҷангу ҷидол хотима бахшад ва сулҳу оштӣ ва ваҳдати сартосариро дар ҷумҳурӣ таъмин намояд. Дар чунин вазъияти сангин бо лутфи тақдир ба сари қудрат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд ва  дар кӯтоҳтарин муддат  тавонистанд як ҷумҳурии ҷангзадаро ба босуботтарину амнтарин  кишвари минтақа табдил бидиҳанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беш аз 25 соли роҳбарии худ тавонистанд ҳама нақшаву барномаеро, ки  баҳри рушду тараққии ҷумҳурӣ нақши муассир ва ҳалкунанда мебозиданд, масъулиятмандона ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба иҷро расонанд. 
Дар ин мақола дар бораи яке аз паҳлуҳои фаъолияти сиёсии доманадори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои сарҳадӣ, қӯшунҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи Президентӣ, қӯшунҳои мудофиаи шаҳрвандӣ ва дигар воҳидҳои низомӣ, ки амният, истиқлол, якпорчагӣ ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд, сухан меравад. Шоистаи таъкид аст, ки ҳама дигаргуниҳо ва пешравиҳо дар таъсиси Артиши миллӣ баъд аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд. 19-уми ноябри соли 1992  Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат роҳи минбаъдаи рушду тараққиёт ва сохти давлатдории Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон карданд, ки он роҳи саодати миллати тоҷик ва ободии Тоҷикистон гардид. Дар  Муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 Пешвои миллат иброз доштанд, ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хонадон барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».  Ин суханони самимӣ ва ҷасоратмандонаи Эмомалӣ Раҳмон боварии мардумро ба ояндаи дурахшони Ватан бештар намуд. Ҳангоме ки Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуданд, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фалаҷ гардида буданд ва барои ба даст овардани сулҳу оромӣ таъсис додани Артиши миллӣ ногузир буд. Бо ин мақсад 18-уми декабри соли 1992 Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар он вазъият таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ амали ниҳоят душвор ба ҳисоб мерафт, зеро нарасидани техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва одитарин ҷузъиёти ҳарбӣ, аз қабили сару либос ва ҷойи хоби афсарону аскарон ба назар мерасид.
Новобаста ба ҳамаи ин мушкилот ва монеаҳо 23 феврали соли 1993  аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд, ки дар он афсарону сарбозони содиқу ватандӯст - ҷавонмардоне, ки бевосита ба хотири истиқрори сулҳ ва қатъи хунрезӣ сина сипар карда буданд, бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ ширкат намуданд. Дар воқеъ, Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ як ҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муқобили қувваҳое, ки  зидди раванди сулҳи тоҷикон сар боло карда буданд,  мубориза бурданд.  
Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  бар хилофи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва умуман, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил корро дар ҷойи холӣ оғоз кард. Ҳол он ки дигар ҷумҳуриҳо соҳиби округҳои томи ҳарбӣ ва корпусҳои муҷаҳҳаз гардиданд.  
Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда  Артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад, ташаккул ёфт ва тадриҷан соҳиби пойгоҳи  моддию техникии пурқудрат гардид. Имрӯз Артиши миллии тоҷик ба дараҷаи кофӣ қудрату неру  дошта, мамлакатро аз ҳама гуна қасди бади душманони дохиливу хориҷӣ ҳифз карда метавонад. 
Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа буда, дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос тавонистанд баҳри саодат ва сулҳу оромӣ мубориза бурда, аз имтиҳони бузург гузаранд. 
Пешвои миллат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашудаи артиш эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуданд.  
То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисмат: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон, дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбиро метавон ном бурд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбиашон вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъала ба кадрҳои баландихтисос ва афсарони содиқу вафодор таъмин намудани қӯшунҳои ҳарбӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд.  Қӯшунҳои хушкигард соли 1993 таъсис ёфта,  аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Ин неруи ҳарбӣ 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. 
Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ҷумҳурӣ ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, нисбат ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷавон буда, соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд. Ҳайати шахсӣ ва ҳавопаймою чархболҳои ҷангии ҚҲҲ аз рӯзҳои аввали фаъолияти Артиши миллии ҷумҳурӣ дар ҳифзи сохти Конститутсионии Тоҷикистони навбунёд саҳми арзанда гузоштанд.
Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдид мекунад, терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зуд-амал ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна неруҳои ифротгаро ва дар маҷмӯъ, амалиёти фаврӣ ба муқобили ҳама гуна тахрибкорон аст. Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 таъсис ёфтааст. Таъсиси  ин неру дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он тамоми қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба неруҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо афсарони касбӣ зарурат пеш омад. Аз ин лиҳоз, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 ва бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 дар пойгоҳи техникуми геологӣ коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисӣ ташкил карда шуд. Гурӯҳи аввалини донишҷӯёни шомилшуда ба коллеҷи мазкур бори нахуст 23 феврали соли 1993, дар рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд намуда, дар гузаронидани намоиши ботантанаи ҳарбӣ фаъолона иштирок карданд. Таъсисиси коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисӣ ба даврае рост омад, ки дар кишвар муноқишаю низоъҳои дохилӣ, яъне ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бо гузашти вақт теъдоди муҳассилини коллеҷ афзуда, сафи хоҳишмандони таҳсил дар ин муассисаи таълимӣ зиёд гардид. Ҳамзамон, доираи фаъолияти коллеҷ низ васеъ гардида, он бо биноҳои нави таълимӣ таъмин карда шуд. Бо назардошти ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002 коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисӣ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуд.
Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ягона муассисаи олии ҳарбӣ мебошад, ки барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат афсарони касбӣ омода менамояд. Таҳсил дар ин муассисаи олии ҳарбӣ ройгон буда, чор сол давом мекунад. Хатмкардагони Донишкадаи ҳарбӣ имрӯзҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар адои вазифа намуда, саҳми хешро дар ҳифзи марзу бум ва суботи сиёсии мамлакат гузошта истодаанд. Ҳоло Донишкадаи ҳарбӣ дорои биноҳои махсуси таълимӣ, хобгоҳ, майдони варзишӣ, дармонгоҳи тиббӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, осорхонаи «Шарафи ҷангӣ», парки автомобилӣ, ҷойи тирпаронӣ, китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва лингофонӣ, майдончаи тактикӣ, оркестри мусиқачиёни ҳарбӣ, Маркази таълимии «Лоҳур» ва ошхонаи замонавӣ буда, ҳамаи онҳо мавриди истифодаи афсарон, прапоршикҳо, курсантҳо ва сарбозон қарор доранд. 
Дар замони ҷаҳонишавӣ вазифа ва масъулияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардидааст. Имрӯз, ки дар ҷаҳон мухолифатҳо идома доранд, масъалаи амнияти миллӣ мавқеи меҳварӣ пайдо кардааст. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як суханронӣ ва баромадҳояшон таъкид менамоянд. Воқеан, баъди қабули қарору қонунҳо вобаста ба таҳким бахшидани Қувваҳои Мусаллаҳ имкон фароҳам омад, ки заминаҳои моддию техникаи ҳарбии он мустаҳкам гардад. Пешвои миллат масъалаи амнияти миллатро дар мадди аввал мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш ба ифтихори 23 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки пешрафти босуръати технологияҳои муосир тақозо менамояд, ки дар доираи ислоҳоти ҳарбӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофифавии кишвар мо ба омӯзиши дақиқи дастовардҳои илми муосири ҳарбӣ, ҷорӣ намудани низоми нави идоракунии ҷузъу томҳои низомӣ, тағйир додани роҳу усулҳои мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, сайқал додани маҳорати касбӣ ва қобилияти ҷангии Артиши миллӣ бояд боз ҳам ҷиддитар машғул шавем.
Сатҳи баланди касбӣ ва тайёрии  ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ҳисси милливу ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии амиқ дорад. Зеро ин омилҳо асоси пойдории сохторҳои низомӣ, ҷузъи муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошанд.
Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳама ҳолат амнияти миллатро таъмин намояд. 23 феврали соли 2018 аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Маҳз Артиши миллӣ дар замони мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ тавонист дар барқарор намудани сулҳи тоҷикон саҳми босазо гузорад. Артише, ки  бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. 
 
Насриддин Охунзода