Намоиши байналмилалии «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад

13-04-2018
Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки санаи 18-19 апрели соли 2018 дар Донишгоҳи славянии Россия Тоҷикистон Намоиши байналмилалии «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон» баргузор мегардад.
Шаҳрвандон метавонанд ба ҳама саволҳои худ вобаста ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Қазоқистон аз худи намояндагони донишгоҳҳо посухҳои дақиқ пайдо намоянд.
Оғоз ва макони баргузории намоишгоҳ: соати 09:00, 18 апрели соли 2018, Донишгоҳи славянии Россия Тоҷикистон,  кӯчаи Мирзо Турсунзода 30.
Маълумоти бештар вобаста ба номгӯи муассисаҳои таълимие, ки дар намоишгоҳ ширкат меварзанд дар сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” (кӯчаи Мирзо Турсунзода 47, тел: 22118 83, 223 23 57) edu-cip.tj дастрас мебошад.