Намоишгоҳи донишгоҳҳои Қазоқистон дар шаҳри Душанбе

18-04-2018
 Дар доираи созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти маориф ва илм 18 апрели соли равон дар Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон  дувумин Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон:  Душанбе-2018» ифтитоҳ гардид. Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирбобоев, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. М. Сейтимов, муовини президенти Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Т.Т. Аскаров  баромад карда, оид ба ҳадафҳои намоишгоҳ, ки ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Қазоқистон бо имкониятҳои навини таҳсилот, ба манфиати ҳамкориҳои маданӣ, маориф ва фарҳангии ҳар ду мамлакат нигаронда шудааст, изҳори назар карданд.  
     Сипас, дар  толори хурди донишгоҳи мазкур мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ:Тоҷикистон-Қазоқистон» бо иштироки кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Қайд шуд, ки агар  дар намоишгоҳи аввалин намояндаи 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии Қазоқистон ширкат варзида бошанд, дар чорабинии имсола аз 25 донишгоҳ намоянда ташриф оварда, нисбат ба солҳои пешин сафи бештари хоҳишмандон аз ҳисоби дохилшавандагону ҷавонон ва донишҷӯён ва волидони онҳо на танҳо аз пойтахти мамлакат, балки аз шаҳру ноҳияҳои дигар низ ҳозир шуданд. Дар нишаст байни Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон шартномаи ҳамкорӣ дар хусуси таҳсили шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар мамлакатҳои ҳамдигар ба имзо расид.
Намоишгоҳ ду рӯз давом хоҳад кард.
Маркази матбуоти Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон