МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2022 ВА ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ ДОИР ГАРДИД

05-07-2022
5-уми июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Э.Насриддинзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта иштирок намуданд.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар он вазири маориф ва илм аз фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 натиҷагирӣ намуд.
Саидзода Раҳим Ҳамро-вазири маориф ва илм зимни ироаи ҳисобот, зикр кард, ки бо баракати саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари азизамон дар аксари соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба пешрафту муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Вазорати маориф ва илм фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» бар меоянд, ба роҳ монда, як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Иттилоъ дода шуд, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. 
Бо назардошти он ки ҳалли аксари мушкилиҳои соҳа ба иҷрои талаботи бандҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 вобастагӣ дорад, аз ҳисоби мутахассисони соҳа ду гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, таҳияи асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷдиди назар намудани мазмуну мундариҷаи таҳсилоти томактабӣ оғоз гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи фаъолияти Вазорати маориф ва илм сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ муваззаф гардида буданд. Дар 6 моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ 10 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе (3 адад), Исфара, Панҷакент, Конибодом, Хуҷанд, Ашт, Б.Ғафуров ва Файзобод 1 ададӣ сохта ба истифода дода шуд. Мутаассифона, дар дигар шаҳру ноҳияҳо ягон муассиса бунёд нагардид. 
Яке аз мушкилоти мавҷуда дар ин самт, ба таври зарурӣ иҷро нагардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2019, №316 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025“ мебошад. Дар асоси Барнома ҳар сол бояд 100 муассисаи томактабӣ ва дар се сол 300 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода мешуд. Дар дуюним соли амалишавии Барнома аз 68 шаҳру ноҳия дар 24 шаҳру ноҳия муассисаи томактабӣ сохта шудааст, ки иҷрои Барнома дар ним соли 2022 12 % ва дар маҷмуъ, ба ҳисоби миёна 15,6 %-ро ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 128827 нафар омӯзгор (80170 зан) ба таълиму тарбия машғуланд. 
Инчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 195 619 нафар (1059743 духтар) хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. 
Дар ҷумҳурӣ 61 мактаб-интернат фаъолият намуда, дар онҳо кӯдакони ятим, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок, имконияташон маҳдуд, барои кӯдакони аз деҳаҳои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимӣ надоранд, муҳити носолими оилавӣ доранд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. 
Аз теъдоди умумии муассисаҳои таълимии мазкур 14 мактаб-интернат мақоми ҷумҳуриявӣ, 18 мактаб-интернати мақоми маҳаллӣ, 29 интернати наздимактабӣ ва хонаи кӯдакон мебошад.
Дар ин давра 24 олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ, аз ҷумла 13 намуди олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 11 намуди олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ гузаронида шуд.
Ҷамъбаст ва натиҷагирии даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 5-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли 2022 нишон дод, ки дар онҳо 6410 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Таҳлилҳо нишон дод, ки иштироки хонандагон дар ҳаракатӣ олимпӣ нисбат ба соли 2021 2167 нафар зиёд буда, 42,2 %-и иштирокчиён ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. 
Ҳамзамон, дар ин давра, 8419 нафар хонандаи тоҷик имконияти дар 11 олимпиадаи байналмилалӣ мустақиман ва тариқи фосилавӣ аз фанҳои математика, физика, химия, табиатшиносӣ ва забони англисӣ дар давлатҳои Амрико, Венгрия, Италия, Словения, Босния-Герсиговения, Қазоқистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Дар ин олимпиадаҳо хонандагони тоҷик дар миёни хонандагони давлатҳои пешрафтаи дунё сазовори 1058 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 140 медали тилло, 368 медали нуқра ва 550 медали биринҷӣ гардиданд.
Бо назардошти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ фарогирӣ ба маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагӣ нисбат ба семоҳаи аввали соли равон 4870 нафар зиёд гардида, дар умум фарогирӣ ба 62162 нафар аъзо расид. Соли дуюм аст, ки аъзои маҳфилҳои марказ дар олимпиадаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ аз фанҳои биология ва химия фаъолона иштирок намуда, сазовори 18 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардида, як нафар роҳхат ба даври олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология гардид. Аъзои фаъоли муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ дар Сессияи 43-юми баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки аз рӯйи натиҷаҳои ба дастоварда 39 нафар ба узви ҳақиқӣ, 122 нафар узви вобаста ва бо диплому ифтихорномаҳои Академияи мазкур сазовор гардиданд. 
Ташкили дарсҳои видеоӣ аз корҳои муҳими дар ин самт анҷомдода мебошад. Бо ҷалби омӯзгорони пуртаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ 1395 дарси видеоӣ аз синфи 1 то 11 аз рӯйи 14 фанни таълимӣ омода гардида, ҳамарӯза тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода мешавад.
Дар идомаи маърӯзаи ҳисоботӣ вазир фаъолияти соҳа, аз ҷумла самтҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, илм ва инноватсия, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, таъминоти кадрию ба ҷойи кор ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон, таъминоти муассисаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, сохтмону муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ, таъминот бо компютеру тахтаои электронӣ ва истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, ҳамкорӣ бо ВАО ва дигар масъалаҳоро мариди таҳлилу баррасӣ қарор дод. 
Дар музокира Қ.Хушвахтзода–ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, М. Набизода - сардори раёсати маорифи вилояти Суғд ва З.Азиззода–директори Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб иброз доштанд, ки дар маърӯзаи вазири маориф ва илм тамоми паҳлуҳои соҳаи маориф ва илм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ки метавон онро ҳамчун раҳнамо дар бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта истифода намуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода доир ба масъалаҳои бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳо, баланд бардоштани сифату таълим, бартараф намудани норасоии кадрию китобҳои дарсӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони давлаатӣ ва забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, татбиқӣ ҳатмии Консепсияи миллии тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва чанде дигар андешаронӣ намуд. Аз ҷумла, таъкид кард, ки аҳли маорифро мебояд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору барномаҳои давлатии соҳа ҳамвора талош намоянд.
Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Саидзода ҷамъбаст намуда, зикр кард, ки новобаста аз корҳои басомонрасонида ҳоло ҳам камбудию мушкилот дар соҳаи маориф ва илм ба назар мерасад ва Вазорати маориф ва илм бовар дорад, ки ин нуқсон тадриҷан ҳал гардида, ислоҳоти соҳа дар ҳамаи самтҳо амалӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои соҳавии худро сари вақт ва бо сифати баланд ба иҷро расонад.