МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД АКИЛ ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

14-04-2021
14-уми апрели соли равон Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммад Акил - ҷонишини Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия вохӯрӣ анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда доир гашт, масъалаҳои таъсиси Донишгоҳи технолигияи иттилоотӣ дар Тоҷикистон, ташкили квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои Малайзия аз ҷониби ин ширкат ва ба ин васила, саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф ва илм ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки миёни ҳукуматҳои Малайзияю Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2014-2023 ва миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду донишгоҳи кишвари Малайзия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Робитаҳои дӯстонаву дипломатии миёни кишварҳои ду ҷониб то ҳол мавҷудбуда боис гаштанд, ки дар соҳаҳои гуногуни фаъолият миёни ҳарду кишвар табодули таҷрибаҳои мутақобилан судманд анҷом ёбад. 
М. Имомзода – вазири маориф ва илм таъкид кард, ки робитаҳо дар соҳаи маориф ва илм дар доираи созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ бояд тақвият ёбанд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариш ёфтани ин робитаҳо чораҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Муҳаммад Акил – ҷонишини Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия иброз дошт, ки қаблан бо вазирони иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрӣ дошт ва аз натиҷаи ин вохӯриҳо қаноатманд аст. Ӯ бо умедворӣ афзуд, ки мулоқот бо вазири маориф ва илм ҳам барои ҳарду тараф аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Мавсуф зикр кард, ки ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия яке аз ширкатҳои бонуфузи ин давлат ба ҳисоб рафта, ҳоло дар 25 кишвари ҷаҳон фаъолияти худро дар самтҳои технологияи иттилоотӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, иқтисоди рақамӣ, сохтмон ва ғайра ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, таҷрибаи таъсиси донишгоҳҳо дар дигар кишварҳои хориҷаро ҳам дорад, ки дар ин самт низ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
-Роҳбарияти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad» ният дорад, ки бо иҷозати мақомоти Тоҷикстон як донишгоҳи технолигияи иттилоотиро дар кишвар ҳамчун макони омӯзиши таҷрибаи фаъолияти пешсафи ин ширкат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат таъсис диҳад, - афзуд Муҳаммад Акил, - Дар сурати пазируфта шудани ин пешниҳоди ширкат аз ҷониби Тоҷикистон маблағгузорӣ барои сохтмон ва фаъолияти минбаъадаи онро ширкат ба зиммаи худ гирифта, низоми таҳсил ва мудирияти донишгоҳ мувофиқ бо стандартҳои байналмилалӣ ва ҷавобгӯ бо талаботи қонунгузории Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба роҳ мондани ҳамкориро дар ин самтҳо, хусусан, таъсиси донишгоҳ, ташкили паркҳои технологии ширкати мазкур дар назди чанде аз донишгоҳҳои Тоҷикистонро пешниҳодҳои қобили дастгирӣ арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати амалӣ гардонидани ин ҳадафҳо изҳор намуданд.
Суннатуллоҳи Мирзо