Лайло Ёқубова-ѓолиби 8-умин Фестивали байналмилалии кӯдакон «Шодии Тошканд»

27-01-2021
Чанде пеш 8-умин Фестивали байналмилалии кӯдакон «Шодии Тошканд» тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 2 ҳазор асарҳои тасвирии кӯдакон аз 15 кишвар - Фаронса, Ҳиндустон, Хитой, Амрико, Озарбойҷон, Малайзия, Миср, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Исроил, Федератсияи Россия, Латвия, Тоҷикистон ва ғайра пешниҳод гардид.
Дар озмуни мазкур хонандагони тоҷик расмҳои тасвирнамудаи худро дар мавзӯъҳои «Олами рангини кӯдакон», «Ҷаҳоне, ки ман сукунат дорам», «Ватани ман» ва «Орзуи ман» ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намуданд. 
Лайло Ёқубова-хонандаи синфи 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, узви маҳфили «Рассоми эҷодкор»- и Маркази таҳсилоти иловагӣ дар 8-умин Фестивали байналмилалии кӯдакон «Шодии Тошканд» иштирок намуда, ғолиб гардид. 
Фестивали байналмилалии кӯдакон «Шодии Тошканд» аз соли 2004 инҷониб аз ҷониби Академияи рассомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ду сол як маротиба байни кӯдакони аз 5 то 15-сола баргузор мегардад. Дар озмуни мазкур, инчунин, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои махсус барои кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ширкат меварзанд.
Асарҳои тасвирнамудаи Лайло Ёкубова дар намоишгоҳи доимии 8 — умин Фестивали байналмиллалии «Шодии Тошканд» ба намоиш гузошта мешаванд.