КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ ТИК БАРОИ 35900 НАФАР ОМӮЗГОР

11-01-2021
   1-10-уми январи соли равон дар давоми таътили зимистона бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди вазорат дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ курси омӯзиши истифодаи технологияи муосир ба роҳ монда шуд.
   Дар ин курсҳо 35900 нафар мутахассис ва омӯзгори муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ширкат намуда, аз рӯйи барномаи тасдиқгардида ба омӯзиши донишҳои нави соҳаи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, аз ҷумла кор бо тахтаи электронӣ, видеопроектор ва дигар таҷҳизоти техникӣ машғул шуданд.
   Гуфта мешавад, ки мақсад аз ташкили курсҳои мазкур дар амал татбиқ намудани бандҳои 10-12-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (29.09.2017, №443) «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ва баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисону омӯзгорон мебошад.