Конференсия: “Мақоми забон ва омӯзгор дар даврони соҳибистиқлолии кишвар”

05-10-2021
4-уми октябри соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Мақоми забон ва омӯзгор дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки дар он муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Ғанизода,  кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  устодону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар оғози конференсия муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ суханронӣ намуда, омӯзгорону аҳли нишастро аз номи раиси ҲХДТ бо санаҳои таърихӣ – Рӯзи омӯзгор ваа Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, ҳамчунин, иброз дошт, ки касби омӯзгорӣ аз бошарафтарин касб дар ҳама давру замон ба шумор рафта, машаққати зиёдро дар тарбияи насли наврас, ки ояндасози миллатанд, талаб менамояд. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Даме ки устод шогирди ба ҷон парвардаашро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки тавонистааст, маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталаби хешро бо бузурге пайвастааст. Хушбахт онест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгорӣ гаштааст. 
Раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Муҳаммадҷонзода дар идома қайд намуд, ки рӯзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем. Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. 
Сипас, М.Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Арзишҳои миллию фарҳангӣ дар замони истиқлол” ва Обидҷон Маҳмудзода-сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Омӯзгор - чароғафрӯзи роҳи фардо” суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар идома ба як қатор иштирокчиёни конференсия “Ифтихорнома”-и Раиси ҲХДТ Тоҷикистон, нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, нишони “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон” ва дигар тӯҳфаҳо тақдим гардид. 
Дар фарҷом барои иштирокчиёни конференсия аз ҷониби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Зайнаб Ҳусейнова,
Бахтовар Сафаров,
кормандони маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм