КОНФЕРЕНСИЯ: “ДАСТГИРИИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030”

09-08-2022
9-уми августи соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо иштироки муовини Сарвазири кишвар, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, роҳбарони сохторҳои вазорат, шарикони рушд, ректорон ва ноибони ректори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи маориф конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, намояндаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (ШГМ) ва сарпарасти Тоҷикистон Муҳаммад Тариқ Хон, роҳбари гурӯҳи амалиётии Бонки Исломии Рушд (БИР) Муҳаммад Мирзаи ва роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ суханронӣ намуданд. 
-Маориф ва илм дар низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аз самтҳои муҳим ва стратегии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, таҳти дастгирии ҳамешагию ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои муаззами миллат бо назардошти ин аҳамият ва мавқеи соҳаи маориф дар яке аз суханрониҳои худ чунин таъкид намудаанд: “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад. Аз ин рӯ, мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем”. Дар ин замина қабули “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” омил бар он гардид, ки заминаҳо барои таҳкими ислоҳоти низоми маориф, пайгирӣ аз ҳадафҳои наҷиби давлатдории миллӣ фароҳам омада, дар кутоҳтарин фурсат илм ва маориф дар Тоҷикистон бо низомҳои пешқадами таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳамқадам гардонида шавад,-қайд намуд муовини Сарвазири кишвар М. Сатториён зимни баромади хеш. 
Ҷ. Ҷӯразода-муовини якуми вазири маориф ва илм зикр кард, ки Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, аз ҷумла, татбиқи муқаррароти Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Аз ҷумла, Нақша-чорабиниҳои миёнамуҳлати вазорат ва зерсохторҳои он таҳия гардида, иҷрои босифати он таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти вазорат қарор дорад. Роҳбарияти вазорат шуруъ аз рӯзҳои аввали фаъолият ба татбиқ ва амалигардонии Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои иҷрои бандҳои Нақшаи миёнамуҳлати амал барои соҳои 2021–2023 бо роҳбарии муовини якуми вазир Ситоди назорати иҷрои Стратегияро таъсис дод. Ситоди мазкур вазифадор карда шудааст, ки иҷрои бандҳои ин санади муҳимро аз ҷониби раёсату шуъбаҳо ва муассисаҳои зерсохтори вазорат назорат намуда, доир ба амалишавии онҳо чораҳои зарурӣ андешад. Вазорати маориф ва илм зимни таҳияи лоиҳаи Стратегия ва дар раванди амалишавии он бо шарикони рушди соҳаи маориф ҳамкориҳои судмандеро ба анҷом расонид. Айни ҳол, дар амалигардии ин Стратегия дар баробари маблағҳои буҷети давлатӣ, ҳамчунин, маблағҳои ташкилоту бонкҳои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, ЮСАИД ва Иттиҳоди Аврупо равона шудаанд, ки ин маблағҳо тавассути ташкилоту созмонҳои ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО, Лоиҳаи Таҳсилоти босифати Иттиҳоди Аврупо ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи маориф татбиқ гардида истодаанд.
-Бонки исломии рушд ба рушди маорифи Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва хушҳол аз он ҳастем, ки он ҳамчун шарики рушд аз ҷониби Вазорати маориф ва илм интихоб гардидааст. Ин фурсати муносибе, ки мо дорем, дар рушду нумӯ ва обрӯи омӯзгор кушиш менамоем ва хоҳони он ҳастем, ки тамоми кӯдак ба мактаб равона шавад ва соҳиби илму дониш гардад,-таъкид дошт роҳбари гурӯҳи амалиётии БИР Муҳаммад Мирзаи. 
-Ҳамон солу рӯзе, ки Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия мегардид, банда дар раванди кори он ҳузур доштам ва имрӯз Тоҷикистон бо ин санад қадамҳои ҷиддӣ гузошта истодааст. Бояд бигӯям, ки ШГМ аз соли 2005 инҷониб ба Тоҷикистон на танҳо кумаки молиявӣ мерасонад, балки ташкилоту бонкҳоро ҷиҳати маҷлағгузорӣ дар самти маориф ҷалб намуда истодааст,-иброз дошт Муҳаммад Тариқ Хон-намояндаи ШГМ ва сарпарасти Тоҷикистон.
Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ зимни баромади худ афзуд, ки имрӯз аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн нафар расидааст ва ин як таъсири ҷиддӣ ба бахши маорифи он мебошад. Аз ин рӯ, Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои беҳтар намудани бахши маориф ва сифати таҳсилот кумак мерасонад ва ин ба мо имкон медиҳад, ки чолишҳои асри XXI-ро бо сабақҳои андӯхтаамон дар якҷоягӣ баррасӣ намоем. 
Хотирасон менамоем, ки коференсияи мазкур дар заминаи лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи милии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби ШГМ ва БИР маблағгузорӣ мешавад, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар доир гардид. Ногуфта намонад, ки ҳадафи лоиҳаи зикргардида баланд бардоштани сифати таълим тавассути дастгирии барномаи таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон ва ислоҳоти арзёбӣ буда, бо дастгирии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. 
Баъд аз маросими ифтитоҳии конференсия, аз ҷониби намояндагони муассисаҳои тобеи вазорат натиҷаҳои бадастомадаи лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи милии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ гардиданд. Ҳамчунин, дар ин замина, платформаи “Китобхонаи электронӣ (www.marifat.tj)” аз тарафи директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илм Абдураҳмон Гулзода муаррифӣ ва ифтитоҳ гардид. Ҳадафи он фароҳам овардани дастрасии осон ва кор бо нусхаҳои рақамии захираҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва муҳтавои мултимедиявӣ, аз қабили аудио ва видео мебошад. Китобхонаи мазкур ба эҳтиёҷоти таълим ва омӯзиш ҷавобгӯ буда, мушкилоти рушди бардавомро муайян менамояд. 
Пас аз намоишгоҳи натиҷаҳои лоиҳа, бо иштироки омӯзгорон, коршиносон ва мутахассисони соҳа семинари омӯзишӣ дар ду бахш кори худро идома дода, дар охир аз ҷониби масъулин кори бахшҳо натиҷагирӣ карда шуд. 
Бахтовар Сафаров, 
корманди Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм