ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА ЮНЕСКО

08-11-2022
8-уми ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо иҷрокунандаи Мудири минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато ҷаноби Магнус Магнуссон баргузор гардид, ки дар он Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар бораи дастгирии татбиқи Ҳадафи 4 дар соҳаи рушди устувор (Таъмини таҳсилоти фарогир ва боадолатона ва ҳавасмандгардонии имкониятҳои таълим дар тӯли тамоми ҳаёт барои ҳама) ба имзо расонида шуд.
Вазири маориф ва илм Р.Саидзода зимни суханронӣ зикр кард, ки яке аз ташкилотҳои фаъолияташро ба соҳаи маориф ва илм равонакарда Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад ва ҳамкории самаранок байни ЮНЕСКО ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи барнома ва лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм ва дастгириҳои он дар ин самт бараъло эҳсос мешавад.
- Мо аз дастгирии ҳамешагии ЮНЕСКО дар амалӣ намудани барнома ва лоиҳаҳои рушди маорифи кишвар сипосгузорем ва ҷиҳати рушду тавсеаи он тамоми чораҳои судмандро роҳандозӣ менамоем,-зикр кард вазири маориф ва илм.
Иҷрокунандаи Мудири минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато ҷаноби М. Магнуссон дар идома зикр кард, ки роҳбарияти ЮНЕСКО низ аз дастгирию ҳамкориҳои судманд бо Вазорати маориф ва илм изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, таъкид намуд, ки омодаанд ҷиҳати рушди соҳаи маориф ҳамкориҳоро вусъат бахшанд.
-Мо омодаем, ки дар самти таҳияи таҷдиди барномаю нақшаҳои таълимӣ, татбиқи босамари технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ доир ба фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ва расонидани кумаки техникӣ ҳамкориро дар оянда бо вазорат вусъат бахшем, - зикр кард ҷаноби М. Магнуссон.
Дар идомаи вохӯрӣ маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум сурат гирифт. Таъкид гардид, ки ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм аз ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст, ки барои такмили ҳамкориҳо дар самти маориф ва татбиқи Ҳадафи 4-уми Рушди Устувор Ёддошти тафоҳум миёни ин созмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шавад.
Ёддошти тафоҳуми мазкур доираи ҳамкориҳо миёни ЮНЕСКО ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи муштараки Стратегияи миллии рушди маориф барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор 4 – Рӯзномаи “Маориф 2030” муайян менамояд.