ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №37 ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

07-10-2021
7 октябри соли ҷорӣ дар деҳаи Раҳмонободи ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Собирзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ М. Атовуллозода, муовини раиси ноҳия З. Умарзода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Д.Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ И. Оқилзода бинои муассисаи таълимии №37 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муассисаи таълимии мазкур 2-ошёна буда, барои 175 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст ва 20 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълимгирандагон дарс мегӯянд. Инчунин, муассиса аз  6 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат мебошад.
Сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, фармоишгар раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Тоҷиклоиҳа-Инвест» таҳия ва корҳои сохтмонӣ  аз ҷониби ташкилоти пудратии ҶДММ «Сохтмон» иҷро гардидаанд.
Ҳамчунин, муассиса бо технологияҳои нави замонавӣ, 12 адад компютер, 1 адад видеопроектор ва 2 адад принтер таъмин мебошад.