ХУШБАХТ АЗИЗБЕКОВ – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2021”

27-01-2022
27-уми январи соли равон дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастӣ ва туҳфасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021” баргузор гардид, ки дар он Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Гулчеҳра Ғанизода – муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаи тадорукоти озмун, аъзоёни ҳакамон ва иштирокдорони озмун ширкат варзиданд.
Нахуст М. Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омодааст, ки омӯзгорони пешқадаму навовар ва эҷодкорро дастгирӣ ва меҳнати онҳоро қадрдонӣ намояд. Озмун имкон дод, ки иштирокдорон таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ намоянд ва дар дарсҳо маҳорату малакаи хешро нишон диҳанд.
Сипас, Г. Ғанизода – муовини вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки тибқи талаботи низомнома ҳакамон маҳорату малака ва донишу ҷаҳонбинии ҳар як довталабро таҳлил намуда, баҳогузорӣ карданд. Дар баробари ин, иҷрои талаботи ҳар яке аз шартҳо миёни иштирокдорон муҳокима гардида, андешаи онҳо низ аз тарафи ҳайати ҳакамон ба инобат гирифта шуд. Давоми 3 рӯз донишу малакаи довталабон аз рӯйи 7 шарт санҷида шуд.
Дар натиҷаи баҳогузорӣ ва хулосаи ҳакамон Хушбахт Азизбеков – омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хоруғ ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021” дониста шуд. Инчунин, Моҳира Мусоева – омӯзгори фанни географияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Сунбула Юсупова – омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Роғун, Наима Зоидова – омӯзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Б. Ғафуров ва Шавкат Тағоев – омӯзгори фанни физикаи литсейи тамоили техникии ба номи “Афлотун” дар ноҳияи Данғара бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ гардиданд. 
Ҳамзамон, аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун “Сипоснома” ва туҳфаҳои пулӣ супорида шуд.
Б. Сафаров,
З. Ҳусейнова