Хониш – асоси пешрафти таълим

05-03-2018
Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи  лоиҳаи USAID - «Ҳамроҳ бихонем»  дар давраи таътили зимистонаи хонандагон омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Омӯзиш дар асоси 11 модули таълимии методӣ оид ба тақвияти салоҳияти хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ баргузор гардид. 
Омӯзиш дар ду марҳила баргузор гардида, дар такмили маҳорати касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ барои татбиқи стандартҳои нави таҳсилот дар доираи  муносибати босалоҳият дар таълим ва омода намудани кӯдакон барои хониши босуръат бо роҳу усулҳои муосири таълим кӯмак мерасонад. Дар раванди омӯзиш, ҳамчунин, нақш ва аҳамияти хонишро дар пешрафти таълими хонандагон таҳлил кардем. Агар хонанда дуруст, бехато, бурро, равон, бошуурона ва ифоданок хонда тавонад, дар пешрафти таълим дар дигар фанҳо низ муваффақ мешавад. Чунки маҳорати баланди хонишро доро будан яке аз шартҳои асосии пешрафти кӯдакон дар таълим ба шумор меравад. Масалан,  агар хонанда аз фанни математика маҳорати баланди хонданро надошта бошад, дар ҳалли мисолу масъалаҳо, муодилаҳо, хондани ададҳои бисёррақама, тартиби иҷрои амалҳо, ифодаҳо, хондани ченакҳои вақт, вазн, дарозӣ, масоҳат, формулаҳо, мафҳумҳои математикӣ кундӣ кунад ва онҳоро дарк накунад, дар омӯзиши ин фанну дигар фанҳо ноком мегардад. Бинобар ин, ташаккули малакаҳои хондан ва истифодаи онҳо дар ҳамаи фанҳои таълимӣ муҳим мебошад. Аз ин бармеояд, ки ташаккули малакаҳои хондан танҳо вазифаи фанни забони тоҷикӣ ё адабиёт набуда, балки вазифаи ҳамаи фанҳост. Чунки хониш дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҳар як фарди ҷомеа нақши муҳим дорад. Ҳангоми омӯзиш мақсадҳои истифодаи навъҳои хониш: хондан бо мақсади тадқиқ, хондан бо мақсади шиносоӣ, хондан бо мақсади ҷустуҷӯ, хондан бо мақсади азназаргузаронӣ ва дигар мавридҳои истифодаи онҳоро дар ҳаёти ҳамарӯза муайян намудем.
 Мавриди зикр аст, ки рушди салоҳиятҳои хониш аз таълими дурусти овоз оғоз гардида, пас аз талаффузи дуруст, шинохтани ифодаи графикӣ - ҳарф ва алоқаи овозу ҳарфҳо омӯхта мешаванд. Баъд аз он марҳилаи басо душвори алоқаманд намудани овозу ҳарфҳо дар шакли ҳиҷо таълим дода мешавад. Сифати хониши равону бурро ва бошуурона аз самаранокии таълим дар ин марҳила вобаста аст.  Пас аз хониши ҳиҷоӣ хонандагон ба зудӣ хондани калимаҳои бутунро машқ мекунанд. Дар ин давра суръати хониш суст буда, диққати асосӣ ба дурустии хондани калимаҳо равона мегардад. Дар марҳилаи дигар бо суръати муътадил машқ карда мешавад, ки инро хониши равон мегӯянд. Пеш аз оне, ки хонандагон ба марҳилаи хониши бошуурона мегузаранд, таълими луғатомӯзӣ хеле муҳим аст. Бе донистани луғатҳо ва тарзи кор бо луғатҳо ва дарк намудани маънои калимаҳо бошуурона хондан ғайриимкон аст. Дар баробари хониши бошуурона хониши ифоданок ҳамчун сатҳи баландтарини маҳоратҳои хондан мавқеи хос дорад. 
Аз ҳама масъалаи муҳим барои омӯзгорон ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар амалӣ намудани лоиҳа ин тарзи дуруст ба роҳ мондани дарсҳои  хонишҳои беруназсинфӣ мебошад. Мақсади хониши беруназсинфӣ инкишофи шавқу рағбати маърифатҷӯйии хонандагон, шиносоии хонандагон бо муаллифони китобҳои бачагона, инкишофи завқи китобхонии хонандагон, тавассути китобхонӣ ташаккул додани сифатҳои шаҳрвандии хонандагони хурдсол мебошад. 
Ҳадисамо Ҷумъаева, 
 омӯзгор аз шаҳри Кӯлоб, 
Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон