ЭЪЛОНИ ҶОЙИ КОРИ ХОЛӢ

04-11-2022
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ МУТАХАССИСИ МАРКАЗИ МАТБУОТ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
 
Талабот барои довталабон: 
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои гуманитарӣ, хусусан журналистӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои хизматиро таъмин карда метавонад;
–малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ВАО ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
–донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
–малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
–кор карда тавонистан бо компютер;
–доштани маҳорати навиштани маводи журналистӣ, хусусан навиштани хабар, гузориш, репортаж ва мақола;
–доштани маҳорати аксгирӣ.
 
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ; 
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 
Маоши вазифаӣ – 1771 сомонӣ.
 
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 227.37.06, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj