ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2021” ОҒОЗ ГАРДИД

25-01-2022
25-уми январи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021” оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Гулчеҳра Ғанизода-муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд. 
М. Имомзода-вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки мақсад аз гузаронидани озмун дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод ва муаррифии таҷрибаи пешқадами педагогии онҳо дар миёни кормандони соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, ҳамчунин, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад.
Сипас, Г. Ғанизода-муовини вазири маориф ва илм иштирокдоронро бо шартҳои озмун шинос намуда, зикр кард, ки довталабон аз рӯйи 7 шарт: муаррифии таҷрибаи корӣ, баргузор намудани маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, доир намудани соати тарбиявӣ, кор бо компютер, ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон мегардонанд. 
Дар озмуни имсола Хушбахт Азизбеков – омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳир Хоруғ, Шавкат Тағоев – омӯзгори фанни физикаи литсейи тамоили техникии ба номи “Афлотун” дар ноҳияи Данғара, Наима Зоидова – омӯзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Б. Ғафуров, Моҳира Мусоева – омӯзгори фанни географияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ва Сунбула Юсупова – омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Роғун иштирок доранд. 
Озмун се рӯз идома ёфта, маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба ғолибон рӯзи 27–уми январи соли 2022 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. 
 
Б.Сафаров,
З.Ҳусейнова