ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2020” ОҒОЗ МЕГАРДАД

06-01-2021
7-9-уми январи соли равон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” баргузор мегардад.
Озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” қаблан дар се давр- дохилимуассисавӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) ва вилоятӣ, минтақавӣ (шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) доир гардида, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Тибқи Низомномаи озмун довталабон дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 6 номинатсия: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбї, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, машғулияти таълимӣ ва тасвир ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон  миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.
9-уми январ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастӣ ва мукофотонидани ғолибони озмун доир мегардад.
Суннатуллоҳи Мирзо