ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ИДОМА ДОРАД

13-12-2022
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шуруъ аз 5-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шуруъ гардида, ҳамакнун озмун вобаста ба номинатсияҳо ва гурӯҳҳо идома дорад. 
Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср вобаста ба гурӯҳҳо миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ ҷамъбаст гардида, имрӯз миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун шуруъ гардид. 
Ҳамзамон, дар рафти озмун барои баррасии муроҷиатҳои иштирокдорон комиссияи апеллятсионӣ хуб фаъолият намуда, тамоми дархосту муроҷиатҳоро баррасӣ намуда истодаанд.
Дар баробари ин, барои истироҳату фароғати иштирокчиён аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ мулоқоту вохӯрӣ бо олимону адибон ва шоирон, маҳфили шеъру суруд, саёҳат ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе, китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ ва осорхонаи “Пешвои миллат” ташкил карда шуд. 
Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад. 
Ёдовар мешавем, ки озмун то 16-уми декабр идома ёфта, маросими ҷамъбастии он 17-уми декабр сурат мегирад.
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон