ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ КОНФЕРЕНСИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

04-11-2022
4-уми ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илм дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: заминаи рушди босуботи соҳаи маориф ва илми кишвар” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Р.Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорон ва кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеъ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Бо садо додани Суруди миллӣ конференсия ба кори худ шуруъ намуда, нахуст, вазири маориф ва илм иштирокдоронро ба 28-умин солгарди қабули Конститутсия табрику муборакбод гуфта, зикр кард, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ин санади олии ҳуқуқии кишвар дар ҳаёти сиёсии мамлакат саҳифаи тозаеро боз намуда, таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат зиндагии орому осуда, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва оромии сиёсиро дар кишвар таъмин намуд. Ҳамзамон, вобаста ба соҳаи маориф ва илм ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот амалӣ гардида, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф дар чаҳорчӯби сиёсати иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои калидӣ эълон гардид.
Дар идома Ф.Шарифзода-дотсенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат”, Ҷ.Рустамзода-сардори раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар ташкил ва роҳбарии бевоситаи раванди таҳияву қабули Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол” ва “Б.Сафарзода-мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Вазорати маориф ва илм дар мавзуи “Кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ба таҳсилот мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.
Таъкид гардид, ки тибқи моддаи 41 Конститутсия ҳар шахс ҳуқуқ ба таҳсил дошта, давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро кафолат медиҳад.