ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ШУРӮЪ ГАРДИД

02-12-2021
2-юми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шурӯъ гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон Амонзода, роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Китобхонаи миллӣ, муовиниони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, ҳайати ҳакамони озмун, иштирокчиёни озмун ва волидайну омӯзгорони онҳо иштирок намуданд.
Зимни маросими ифтитоҳии он муовиниСарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва ғолиби "Шоҳҷоиза"-и озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар соли 2020 Раънои Насриддин сухан карданд.
Аз ҷумла, муовини Сарвазири мамлакат М. Сатториён зикр кард, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба мақоми китоб ҳамчун ҷузъи фарҳанги хирадгароӣ, маърифатафрӯзӣ дар тарбият, савод ва маънавиёти ҷомеа, интишори осори суханварон ва донишмандони гузаштаву имрӯза дорои мақоми шоиста мебошад.
Баргузории озмуни мазкур дар давраҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баёнгари он аст, ки воқеан имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолиаи китоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, новобаста аз синну сол барои хондану аз бар намудани мероси адабиву илмӣ ва аз ин роҳ мусоидат дар ташаккули маънавиёт, тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш саҳми муносиб мегузоранд. 
Соли сеюм аст, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад. 
Озмуни мазкур аз рӯйи панҷ номинатсия: адабиёти классикӣ; адабиёти муосир; адабиёти бачагона; адабиёти ҷаҳон; шоирӣ баргузор шуда, иштирокчиён ба се гурӯҳ: тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо); калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) тақсим мешаванд.
Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.
Тибқи ҷадвали баргузории озмун рӯзҳои 2-5-уми декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 6-7-уми декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7-уми декабр аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, 8-10-уми декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун вобаста ба номанатсияҳои иштирок мекунанд. Ҳамзамон, озмун барои довталабони номинатсияи назму наср рӯҳои 11-12-уми декабр ва барои довталабони Шоҳҷоиза рӯзи 13-уми декабр доир мегардад. 
Ёдовар мешавем, ки дар даври якум, ки дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид, 305495 нафар, дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 23045 нафар ва дар даври сеюм, ки дар марказҳои вилоятҳо баргузор гардид, 2981 нафар иштирок намуданд.
Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 510 нафар довталаб иштирок менамоянд.