Дар Истаравшан Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Аладдин» мавриди истифода қарор гирифт

16-11-2022
15 ноябр дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Аладдин» ба истифода дода шуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.
15 ноябр дар доираи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, Роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашӯрзода ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Аладдин»ифтитоҳ гардид.
Муассисаи таҳсилоти томактабии мазкур дар шаҳраки «Гули Сурх»-и шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳина Сиддиқова дар масоҳати умумии 467 метри мураббаъ бо сарфи қариб 1 млн сомонӣ бунёд карда шудааст.
Бинои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Аладдин» аз 2 ошёна, 3 синфхонаи машғулият, ҳуҷраи бозии кӯдакон, ошхона, ҳуҷраи тиббӣ, анборхона ва ҳуҷраи ёрирасон иборат аст. Муассиса дар айни замон имкони ба таҳсил фаро гирифтани 100 нафар тарбиятгирандагонро доро мебошад.
Раиси шаҳри Истаравшан ва Роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аснои боздид бо тарбиятгирандагон ва мураббиёни муассиса суҳбати самимӣ намуда, ифтитоҳи муассисаи мазкурро туҳфаи арзанда ба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
 
АМИТ «Ховар»