ЧЕҲРАИ ТЕРРОРИЗМ ЗИШТ АСТ

23-09-2022
Заҳҳок аз амалҳои нангини худ чун дар замонҳои қадим ба сифати дастёру ёвари Аҳримани бадсиришт чанде қабл дар Афғонистони ҷангзада аз паёми фоҷиаборе даракдод. Оре, терроризм ҳамон Заҳҳок аст, Заҳҳоке, ки аслан аз вожаи «даҳҳок» таркиб ёфта, дорои даҳ хислати баду зишт мебошад. 
Дар луғоти маъруфи «Ғиёс-ул-луғот» (ҷилди 2, саҳ.  16)  дар  тафсири  ин калима чунин овардаанд: ...Ва лафзи Заҳҳок ба маъноии номи подшоҳи  мазкур муарраби даҳҳок аст,  яъне  Худованди даҳ  айб  ва  даҳ  айбаш ин  аст: аввал  зиштрӯй,  дувум  кӯтоҳии қад,  савум  бедодгарӣ,  чаҳорум дурӯғгӯӣ, панҷум баддилӣ, шашум бединӣ, ҳафтум бисёрхорӣ, ҳаштум  бешармӣ,  нуҳум бехирадӣ, даҳум бадзабонӣ…»
Магар онҳое, ки амалҳои зиддибашариро дар гӯшаю канорҳои  олам  анҷом медиҳанд, бо  таркишу кушторҳо инсонҳои  бегуноҳро ба  ҳалокат мерасонанд,  молики  ин  хислату  атвор  намебошанд? Аҳриман  таҷассуми неруи бадисту аз пайи маҳв ва несту нобуд  кардани рӯшноию зиё, ба як сухан зиндагии сабзу хуррами  инсонҳост.  Террористону  экстремистон намои ҳамон торикмағзу тиҳихирадон ва ифодагари  зулмату бедодгариянд, ки гоҳ аз Ироқу Афғонистон бо амалҳои  тахрибкоронаашон  аз  худ  хабар  медиҳанд,  гоҳ  аз  Сурияву Яман, гаҳ аз Аврупо. Аждаҳои ҳамахори терроризм ба ҳеҷ сурату ҳеҷ ваҷҳ аз қатлу рехтани хуни  башарият  барои  ба  даст овардани  қудрату  салтанат  ва амалӣ  намудани  манофеи  сиёсию  гурӯҳии  хеш  даст  намекашад, бо усулу шеваҳои нав муборизаро алорағми  инсонҳои зиндагисоз  ва  насли  башар идома  медиҳад. Дар ин ҷода ин ақлбохтагони ҷаҳолатпеша ниқобҳои  фиребандаи  сиёсӣ бар  рӯй  кашида, бо тарғиботи зоҳиран  «адолатҷӯёна»,  ки  решаи он аз таълимоти мазҳабию динӣ об мехӯрад, ҳадафмандона истифода мекунанд. Тавре дар боло ишора рафт,  даҳҳокиён зиштрӯянд, яъне аслан обрӯю чеҳраи инсонӣ  надоранд,  бедодгаранд. Онҳо  фармонбардори  девҳои  бадгуҳаранд, ки  аз  ҳаёти  босаодат,  рушду тараққиёт,  ихтирооту  кашфиё-ти бани инсон, сулҳу ваҳдат ва садои  хандаҳои  беғаши  тифлон, аллаи бардавоми модарон сари гаҳвора чун дар таълимоти  «Авасто»  мадҳушу  бехуд гашта,  нафас  дар гулӯяшон зиндонӣ ва борҳо «мемиранду  зинда»  мешаванд.  Шабеҳи Иблис  аз  иттиҳоди  халқияту миллатҳои  сулҳдӯсту  озодихоҳ наъраи  навмедона  мекашанд, тавре  ки  дар  «Қуръон»-и  азимушшаън  омада:  «Ҳалок карданд худро касоне, ки ифрот намуданд». Маъмулан,  ифротгароёну бунёдгароёни исломӣ, ки сӯиқасду  террор,  ҳаросафканӣ, анҷом додани таркишҳоро дар марказҳои аҳолинишин ҳадафи амалҳои  сиёсӣ  худ  қарор  додаанд,  дар  тарғиби  ба  истилоҳ «ғояҳои  ҷовидонаи  ондунёии худ» дурӯғпароканиро ҳамчун шеваи тактикаи муборизаи ноҷавонмардона истифода мекунанд. Ва ҳароина, ҷавонони камхондаю  бемаърифат,  ки дар  халоби  ҷаҳолат  дармондаанд, барои ба биҳишти адн мушарраф  гардидан бе ҳеҷ фикру андеша, аз  рӯйи  таассубу  нодонӣ роҳ ба сӯйи майдони ҷангҳои харобиовару зиддиинсонӣ  мегиранд. Ин  шодихӯрдагони  ноумед ва ғафлатзада дарку фаҳм намекунанд,  ки  ба  ақидаи психолог – сиёсатмадор Д.В. Олманский, террористон аз рӯйи аломатҳои  манфиатҷӯёна, ки  аслан  ба  даст  овардани сарват  мебошад,  амал  мекунанд. Дигар ин ки, раҳбарони шабакаҳои сиёсии террористӣ (Ал- Қоида, ДИИШ, Ал-Ансор…) принсипҳои идеологӣ  –  ғоявии  худро  дар муборизаҳои  хунин  ва  таркишу  сӯиқасду  қатли  одамон ба  дӯши  мардум  бор  кардану онро  ҳақ  бароварданӣ  мешаванд.  Террористону  экстремистон мехоҳанд минтақаю кишварҳоро аз нав, бо фаҳмишу салоҳдиди  худ  тағйир  дода, тақсим намоянд ва дар доираи тафаккуру ҷаҳонбинии маҳдуди таассубгароёна як давлати  тозаи  ба  майлу  иродаи худ созгорро таъсис бидиҳанд, ки тамоми ҳуқуқу озодиҳои мардумро  аз  байн  бурда,  онҳоро  дар тирагию  зулмоти асримиёнагӣ бардавор нигоҳ медорад. Гурӯҳҳои ҳаросафкани силоҳбадасти террористӣ ҳукмронии  беадолатонаро, ки аз роҳи зӯрӣ, таъқибу фишор амалӣ  мешавад,  ҷабран  густаришу  тақвият  медиҳанд.  Дар меҳвари  ин  ҳукмронӣ  барангехтани  тарсу ҳарос нақши калидиро иҷро  мекунад.  Яке  аз шеваҳои  заҳҳоконаи  гурӯҳҳои сиёсии террористӣ  мағзшӯйии ҷавонон  ва  бо  пешниҳоди наворҳои садистӣ (куштори азиятноки  мардуми  бегуноҳ) дар  ниҳоди  онҳо  бедор  намудани  ҳиссиёти  шавқу  ҳавас  ва майл  ба  террор,  ки  таваккалӣ сурат мегирад, ба шумор  меравад. Қасду кинситезӣ, барои дифои «шаъну шарафи» дӯсти ҷанговарашон,  ки  аз  ҷониби муқобил  (ҳукуматдорон) ба ҳалокат расидааст, ба роҳ мондани амали  террористӣ (аз ҷумла, сӯиқасд ва куштор), яке аз дигар роҳу равиши муборизаи  ошкору пинҳони террористону экстремистон маҳсуб меёбад.  Дар  тафсири сифати Заҳҳок бединию бехирадӣ ҷойгоҳи асосиро ишғол  мекунад. Магар  дар рӯзи ҷумъаи муборак таркондани  масҷиди  ҷомеъро  дар Афғонистон аз ҷониби  террористоне,  ки  моддаи  таркандаро дар бадани худ насб кардаанд  ва  ба  марги  ҳазорон намозгузори бегуноҳ сабаб гардидааст, мешавад аз фарти фазилату амали инсонӣ ҳисобид?! Ин  фоҷиаи  гӯшношунидро  он хирасароне  анҷом  медиҳанд, ки  на  аз  дину мазҳаб хабар доранду на аз фазлу хирад. Дар низомномаи  ҳаракату аҳзоби  сиёсии  террористӣ, ба  тасдиқи  олимони сиёсатмадор, аз  ҷумла,  Б.Савинков ба таври ошкору  рӯшан  омадааст,  ки  онҳо  ҳамеша тайёр ҳастанд, ки дар роҳи бароварда сохтани амалҳои фоҷиабори зиддиинсонӣ  «шаҳид»  эълон карда  шуда,  озод  ба  ҷаннат дароянд.  Дар  роҳи  иҷрои ҳадафҳои  нопоку  муғризонаи худ  аз  марг  ҳарос  надоштан, ба худкушӣ омода будан, азобу таҳқиру шиканҷаро  таҳаммул кардан аз сифатҳои террористону экстремистони замони муосир мебошад. Афзудани амалҳои террористӣ, махсусан, дар Ҷумҳурии Афғонистон бо  ба  сари  ҳокимият  омадани гурӯҳи  «Толибон»  боиси  нигаронии ҷиддии кишварҳои ҳамсоя ва Тоҷикистон  гардидааст.  Сарварони  Иморати исломии  Афғонистон  бо ба сари  қудрат  омадан  қотеъона иброз доштанд, ки ба зуҳури амалҳои террористӣ дар  кишварашон  хотима мебахшанд. Вале  ҳодисаву рухдодҳои моҳҳои охир бозгӯйи онанд, ки равандҳои хатарноки анҷом додани  таркишҳо  дар  марказҳои маъмурӣ, сафоратхонаю масҷиду  донишкадаҳо  ва  мадрасаю бозорҳо дар ин кишвар зиёд  шуда,  мӯҷиби  ба  вуҷуд омадани тарсу ҳарос ва бесарусомонию  ноамнӣ  гардидааст. Танҳо  дар  як  сол  дар  натиҷаи амалҳои  террористӣ  дар  ин кишвар  250  нафар  бегуноҳ  ба ҳалокат  расидааст.  Хислати дигари  Заҳҳок  рӯинатанию бешармӣ  буда,  ки дар  ниҳоди ӯ  муҳкам  ҷой  гирифта  буд. Воқеан,  террористону  зархаридони  гурӯҳу  аҳзобу  сиёсии ифротгаро  амалҳои  зиддибашарии  худро,  ки  ба  ҳалокати одамон  ва  вайрону  валангор шудани  биноҳои  истиқоматӣ, идорию маъмурӣ, фарҳангӣ ва амсоли инҳо сабаб  мегардад, бе  ҳеҷ  ибо  қаҳрамонӣ  ва  мояи тафохур мешуморанд. Шунидани чунин иттилоъ – «Масъулияти  ин  амалиёти  террористиро ДИИШ  ва  ё  ҳар  кадом  ташкилоти  ифротгарои  мазҳабӣ ба  уҳда  гирифтааст»  магар аз  он  намегӯяд, ки раҳбарону аъзои ин созмонҳои  хатарноки  ҷаҳонӣ  даҳшату ваҳшат ва кирдорҳои ғайриинсонии худро на танҳо ҳақ  бароварданӣ мешаванд,  балки  онро  «боадолатона» ва  дар  роҳи  амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсияшон «безавол» мешуморанд. Раҳбарони  созмонҳои террористӣ,  ки  асосан  сиёсатмадорони  нотавонбину  дар арсаи  сиёсат  шикастхӯрда  мебошанд,  аз  майлу  хоҳиш  ва орзуҳои  саробосои дубора ба сари қудрат омадану ҳукмронӣ кардан даст  накашидаанд. Онҳо дар ин роҳ аз ҳеҷ рафтору амали зишт рӯй  намегардонанд,  чунонки  Заҳҳок  баҳри бар  тахт  нишастан  ба  талқину васвасаи Иблис чоҳе канда, падарашро  ба  он  сарнагун  кард. Табиист, ки ин сарварони хомхаёл  гурӯҳҳои  муташаккили сиёсию  яроқнокро  аз  шумули чаповулону ғоратгарон, асолатбохтагони таассубпеша, ҷаҳолатпешагони зархарид барои иҷрои мақсадҳои нопоки худ  истифода  мебаранд.  Аз  ин рӯ,  имрӯз  равандҳои  хатарзои ҷаҳонӣ  дар  ину  он  мамолику кишвар моро ҳушдор медиҳад, ки  дар  мубориза  ба  муқобили гурӯҳҳои  террористӣ  ва  бо  далоилу  арқоми  муътамад  фош кардани  таълимоти  бебунёди  зиддиинсонии  ин  ҳаракату созмонҳо муташаккилона амал намоем. 
Шодӣ РАҶАБЗОД, 
«Омӯзгор»