БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲО

12-11-2022
12-уми ноябри соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода аз муассисаҳои таълимии мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ношунаво ва барои кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд. 
Зимни боздид аз мактаб-интернатҳо муовини вазир нахуст ғамхориҳои Пешвои миллатро дар ҳаққи кӯдакони ятим, бепарастор ва кӯдакони дорои талаботи махсус таъкид намуда, зикр кард, ки ин сиёсати башарпарваронаи Роҳбарияти олии кишвар бояд барои ҳар яки мо намуна ва дастури ҳамешагии фаъолият бошад.
З.Абдулзода дастуру супоришҳои вазири маорифи кишварро дар хусуси омода намудани муассиса ба фасли зимистон, захираи маводи ғизо, омода намудани хонандагон ба озмуну мусобиқаҳо, аз бар намудани 400 калима аз Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба самъи омӯзгорон расонид.
Дар ҳар ду муасиса ҳангоми боздид кормандон тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тозаву озода намудани саҳни муассиса, боғ, роҳрав ва синфхонаҳои таълимӣ машғул буданд.
Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар он 405 нафар кӯдаки ношунаво таҳсил намуда, 310 нафар дар хобгоҳи муассиса зиндагӣ менамоянд, муовини вазир аз шароити таҳсил, китобхона, хобгоҳ, ошхона, анбори хӯрока ва синфхонаҳо дидан намуда, бо ҳайати омӯзгорон ва кормандони ёрирасони муассиса вохӯрӣ доир намуд. Аснои вохӯрӣ қайд карда шуд, ки маҳз чунин кӯдакон ба ғамхории пайвастаи ҳар яки мо ниёз дошта, бояд чун фарзанди худ парасторӣ намоем. 
Дар идомаи суҳбат дар хусуси моҳияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бевосита бо сарпарастии Пешвои миллат доир мегардад ва иштироки омӯзгорону хонандагон дар ин озмунҳо махсус қайд карда шуд. Инчунин, вобаста ба омодагии омӯзгорон ба дарсҳо, донишандӯзии хонандагон ва мутолиаи адабиёти бадеӣ махсус қайд карда шуд. Дар хусуси иштироки хонандагон дар мусобиқаҳои варзишӣ ва ихтироъкорон ба масъулин дастурҳои қатъӣ дода шуд.
Роҳбарияти муассиса иттилоъ доданд, ки дар муассиса ҷиҳати ободкорӣ ва муҳайё намудани шароити донишандӯзӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Ҳамасола дар арафаи Соли нави мелодӣ, идҳои Рамазон, Қурбон, Наврӯз, оғози соли таҳсил, ҷашнҳои Истиқлол,  Конститутсия ва дигар ҷашну маросимҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба кӯдакон дастархони идона ороста шуда, сару либос, лавозимоти хониш ва маводи ғизоӣ кӯмак расонида мешавад.
Ҳамчунин, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаву ташкилот ҳамчун сарпараст вобаста шуда, мунтазам кӯмаки хайриявӣ мерасонанд, ки толори муассиса маҳз бо кумаки сарпараст таъмир карда шудааст. Илова ба ин, бо саҳми Вазорати маориф ва илм аз чуқурии 60 метр об бароварда шуда, мушкилоти норасоии об дар ин муассиса бартараф карда шуд.
Муовини вазир дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршуда (226 нафар таҳсил менамояд ва 186 нафар дар хобгоҳ сукунат доранд) аз анборҳои маводи сӯхт ва хӯрокаи муассиса, хобгоҳ, ошхона ва хонаи омӯзгорон дидан намуд.
З.Абдулзода таъкид намуд, ки бо мақсади тақвияти тафаккури эҷодии хонандагон бояд дар муассиса байни синфҳо ва сипас байни муассисаҳои ҳамсон озмунҳои ихтироъкорӣ доир карда шавад.
Ба муовини директор оид ба хоҷагӣ, ёвари ошпаз ҷиҳати саривақт ва босифат омода намудани ғизои кӯдакон, ба низом даровардани анбори маводи сӯхт дастур дода шуд.
Роҳбарияти муассиса ба муовини вазир иттилоъ доданд, ки дар муассиса ба тозагӣ ва гарму нарм нигоҳ доштани ҷойи хоби кӯдакон аҳамияти хоса дода мешавад. Корҳои беруназсинфӣ хуб ба роҳ монда шуда, хонандагони муассиса дар озмунҳои варзишии байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд. Ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҳангоми таътил супориши Вазорати маориф ва илм дар хусуси аз бар намудани 400 калима аз Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар байни омӯзгорон баррасӣ карда шуда, корбарӣ идома дорад.
Муовини вазири маориф ва илм дар такя ба супоришҳои вазири маориф ва илм ба роҳбарияти муассисаҳои болозикр дастур дод, ки  ҷиҳати бештар захира намудани маводи ғизоӣ, гарм нигоҳ доштани синфхона ва хобгоҳҳо ва омодагӣ ба фасли зимистон тадбирҳои судманд андешанд. Инчунин, масъулинро зарур аст, ки кори китобхонаҳоро фаъол намуда, ба сифати хуроки тарбиятгирандагон таваҷҷуҳи бештар намоянд.