БАРРАСИИ СЕ МАСЪАЛА ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

23-09-2022
23-юми сентябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид, ки дар он, инчунин, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласа, нахуст, гузориши Б.Раҷабзода-иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус “Оид ба натиҷаи тақсимоти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли 2022”, гузориши Б.Исмоилзода-сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе “Оид ба ҳисоботи сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба омодагии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ва рафти ҷараёни пайвастшавии муассисаҳои таълимии пойтахт ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказ (тибқи нақша)” ва гузориши З.Назрулозода-сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ “Оид ба рафти иҷрои Барномаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114) ва Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443) дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, назорати ҷиддии рафти ҳозиршавии мутахассисон ба ҷойи кор ва бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ, хусусан, таъсис додани гурӯҳҳои таълимашон бо забони русӣ ва англисӣ дар ихтисосҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба фасли зимистон, пайваст намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо харидорӣ намудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, истифодаи самараноки технология дар раванди таълим ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Инчунин, таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, қадрдонӣ намудани заҳмати омӯзгорон ва ҳавасманд сохтани онҳо дар тамоми муассисаҳои таълимӣ Рӯзи омӯзгор дар сатҳи баланд ва бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда шавад.
Ҳамзамон, дар ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифта, аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардида, вобаста ба ҳар масъала қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.