БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ДАР МУҲИТИ ОИЛАИ СОЛИМ БА ВОЯ РАСИДАНИ КӮДАК” ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

01-06-2023
1 июни соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Дар муҳити оилаи солим ба воя расидани кӯдак” баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода,  судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Ҳакимова, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина  Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абусамтзода, муовини вазири фарҳанг Давлат Сафар, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода, сардори шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимбек Содиқзода, сардори намояндагии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, сардори дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Осама Маккавӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Миҷгона Бобоҷонзода, намояндаи Академияи миллии илмҳо Исрофил Бобоҷонзода, сардори раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Бухоризода ва намояндагони вазорату идораҳо, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд. 
Конференсияро Зиёдулло Абдулзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҳамасола 1-уми июн дар кишвар ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли ояндаи миллат дар Тоҷикистон низ ба ин санаи муборак диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.
Сипас Раҳим Саидзода қайд намуд, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  соли 1949 бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Инчунин, вобаста ба санаи мазкур сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд карда шуд, ки «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд».
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сардори намояндагии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, сардори дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Осама Маккавӣ, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Ҳакимова, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина  Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абусамтзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Миҷгона Бобоҷонзода, намояндаи Академияи миллии илмҳо Исрофил Бобоҷонзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода, сардори раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Бухоризода суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввалини ташкилшавии худ ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи он диққати ҷиддӣ дода, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз аввалин давлатҳои аъзои ИДМ аст, ки Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро санаи 25 ноябри соли 1993 эътироф намудааст. 
Соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” барои татбиқи талаботҳои ин конвенсия дар ҷумҳурӣ қабул карда шуд ва талаботҳои он пурра дар амал татбиқ шуда истодааст. Вазорати маориф ва илм ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аҳамияти махсус дода, ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорбиниҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор менамояд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон