Баҳогузорӣ ба дониши хонанда

16-03-2018
Дар фаъолияти омӯзгорӣ донистани меъёри баҳогузорӣ яке аз омилҳои муваффақияти кор ба шумор меравад. Ба ҷавоби хонанда гузоштани баҳои ҳаққонӣ дар дили шогирд нисбат ба фан ва омӯзгор ҳисси эҳтиромро бедор менамояд.
Дар гузоштани баҳои дуруст ба шогирд эҳтиёткор будан лозим аст. Баҳо бояд ҳатман шарҳ дода шавад. 
Баъзан лозим меояд, ки барои ҳавасманд кардани шогирд фаъолии ӯро ба назар бигрифта, каме баҳояшро баландтар гузорем, вале ҳатман ба вай фаҳмонед, ки ҷавоби ӯ сазовори ин баҳо несту шумо ҳаракати вайро ба назар гирифта ин баҳоро гузоштед. Рафтори шумо боиси рӯҳбаландии шогирд мегардад.
 Ҳар як фан меъёри баҳогузории худро дорад. Масалан: дар фанни физика баҳои  “5” ба хонандае гузошта мешавад, ки мавзӯи дарсиро пурра ҷавоб диҳад, машқ ё масъалаеро ҳал карда, ба саволи иловагӣ ҷавоб дода тавонад. Дар фанни асосҳои касбу ҳунар бошад, баҳои “5” барои иҷрои кори амалие бо назардошти сифати он гузошта мешавад. Дар гузоштани баҳои “2” ба хонандаи хубу аълохон ба иштибоҳ роҳ додан хатост. Пас аз гузоштани баҳои “2” ин хонанда дар рейтинг баҳои  “4” ё “5” гирифта наметавонад. Хуб мешуд, агар шумо ин баҳоро барои дар хотир нигоҳ доштанаш дар рӯзнома гузошта, аз гузоштани он дар дафтари синфӣ худдорӣ намоед.
Гузоштани баҳои чорякӣ бо як ё ду баҳо нодуруст аст.  Чунин ҳолатҳое мешаванд, ки баъд аз ду ё се баҳои ғайриқаноатбахш як баҳои “3” гузошта, фаъолияти хонанда ҷамъбаст мешавад, ки ин нодуруст аст. Дар гузоштани баҳои ҷамъбастӣ бояд қимати миёнаи умумӣ ба назар гирифта шавад. Агар натиҷаи қимати миёнаи умумӣ аз 4,5 зиёд бошад, мо метавонем ба хонанда баҳои “5” гузорем. Вале агар натиҷаи қимати миёнаи умумӣ аз 4,5 кам бошад, мо баҳои “4” бояд гузорем.
Бисёр омӯзгорони мо дар гузоштани баҳои солона ва ҷамъбастӣ ба хатоҳо роҳ медиҳанд, агар хонанда дар ду чоряки аввал баҳои “4” ва дутои охир баҳои “5” дошта бошад, баҳои солона “5” бояд шавад. Баҳои ҷамъбастӣ бошад, бо назардошти баҳои имтиҳон гузошта мешавад. Масалан, хонандаи аълохон дар имтиҳон баҳои “4” гирад, баҳои ҷамъбастӣ аз баҳои имтиҳон боло шуда наметавонад,  яъне баҳои ҷамъбастӣ “4” мешавад. Агар хонандаи хубхон дар имтиҳон баҳои “5” гирад, баҳои ҷамъбастии ӯ дар сурати “5” будани яке аз чорякҳояш “5” гузошта мешавад. 
Тӯхтахон БОБОЕВА,
омӯзгори мактаби №34-и 
ноҳияи Исмоили Сомонӣ