Ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар МИНТАҚАИ БОХТАР: МУШКИЛОТРО БАРТАРАФ БОЯД КАРД

02-07-2022
 
2-юми июли соли ҷорӣ дар коллеҷи тиббии инноватсионии шаҳри Бохтар таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи кории сайёр баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ, Ёвон, Левакант, Хуросон, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маорифи вилоят, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои номбаршуда, директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, директорону ректори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ иштирок карданд.
Дар оғоз муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ. Ҷӯразода қайд кард, ки маориф дар сиёсати давлатӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок қабул гардида, дар ин замина, бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррас анҷом дода мешавад. Ҳукумати мамлакат мунтазам талош менамояд, ки мақому мартабаи омӯзгор ҳамчун неруи пешбаранда ва машъалафрӯзи ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад.
Мавсуф, инчунин, аз мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро бо роҳбари Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО Тамара Растовак Сиавишвили дар бошишгоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ёдовар шуд, ки дар он вобаста ба масъалаҳои шиносоии иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити муқаддимотии вазирони маорифи кишварҳои дунё ва рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Сипас, дар ҷаласа вазъи соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ, Ёвон, Левакант, Хуросон, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт. Дар ин робита гузориши муфассали сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Зиёратшоҳ Назрулозода шунида шуд.
Зимни баррасии вазъи соҳаи маорифи шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон З. Назрулозода қайд кард, ки таҳсилоти томактабӣ аввалин зинаи таълимӣ ба ҳисоб рафта, маҳз дар ҳамин давра барои омода намудани кӯдак ба таълим ва ташаккули равонию ҷисмонии он шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар 14 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтар аз 252 ҳаз. 379 кӯдаки синни томактабӣ (аз 3 то 6-сола) 24 ҳаз. 19 нафар ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудааст, ки 9,5%-ро ташкил медиҳад ва аз сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ 5,9% паст мебошад. Мутаассифона, фарогирӣ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ – 3 фоиз, Ҷайҳун – фоиз ва Дӯстӣ – 5 фоиз аст. 
Таҳлили рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” нишон дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати амалигардонии барномаи мазкур қарори раисони шаҳру ноҳия ва нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расида бошад ҳам, нақшаи сохтмони муассисаҳои томактабӣ сол ба сол ба инобат гирифта нашудааст.
Агар дар соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 7 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии 461 нафар кӯдак фаъолият менамуд, ин шумора дар соли 2021 ба 12 муассиса бо фарогирии 671 нафар кӯдак расидааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар – 2, Қубодиён, Ҷалолилидини Балхӣ, Ёвон, Кӯшониён, Левакант ва ноҳияи Ховалинг – 1 ададӣ муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият менамоянд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ бунёд нагардидааст. 
Таъмиру азнавсозӣ, баргардонидан ва барқарор намудани биноҳои кӯдакистонҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят ба пуррагӣ амалӣ нагардидааст. Баргардонидан, барқарорсозӣ, таъмири муассисаҳои томактабӣ ва ташкили шаклҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла, марказҳои инкишофи кӯдак ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор шудааст. Дар ин самт низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур корҳои судмандро ба анҷом нарасонидаанд. Дар 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят 38 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар – 8 , ноҳияҳои Панҷ – 9, Вахш – 3, Ёвон – 2, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён – 1 ададӣ, дар маҷмӯъ, 25 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фурӯхта ё ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шудааст. 
– Таҳсилоти умумӣ давраи ташаккулёбии кӯдакону наврасон маҳсуб ёфта, ҷиҳати рушди ин зинаи таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 735 муассисаи таҳсилоти умумӣ (Бохтар – 22, Вахш – 66, Кӯшониён – 60, Ҷалолиддини Балхӣ – 72, Ҷайҳун – 45, Панҷ – 52, Дӯстӣ – 49, Қубодиён – 61, Шаҳритуз – 55, Хуросон – 62, Абдураҳмони Ҷомӣ – 64, Носири Хусрав – 26, Леваканд – 17 ва Ёвон – 84) фаъолият менамояд. 
Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқаманд аст.
Бояд қайд намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои мазкур 25 ҳаз. 762 нафар (15 ҳаз. 185 зан) омӯзгор кору фаъолият менамояд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 17 ҳаз. 149 нафар – 66,5% дорои таҳсилоти олӣ, 7 ҳаз. 206 нафар – 28% дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 1407 нафар – 5,5% дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки нақши омӯзгори соҳибкасб дар таълиму тарбияи насли наврас бузург аст. Таҳлили омори омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои минтақа нишон дод, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2501 нафар (1467 зан) ба таълиму тарбия машғуланд, ки аз онҳо 948 нафар (385 зан) бо таҳсилоти олии ғайрипедагогӣ ва 1553 нафар (1082 зан) бо таҳсилоти миёнаи касбии ғайрипедагогӣ (корманди тиб, инженер, агроном, байтор, менеҷер, иқтисодчӣ, сиёсатшинос, технолог, барномасоз, тарҷумон, ҳуқуқшинос-психолог, биолог-эколог, химия-экология, муҳосиб, шарқшинос) мебошад.
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос, ҳамасола аз ҷониби шуъбаҳои маорифи минтақа ба Вазорати маориф ва илм дархост пешниҳод карда мешавад. Вобаста ба ин, бо роҳхати Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар 673 нафар мутахассиси ҷавон фиристода шуд, ки аз ин шумора 378 нафар (56,2%) ба ҷойи кор ҳозир шуд. Натиҷаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон нисбат ба ҷумҳурӣ 2,6% паст мебошад. Ба истиснои ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа аз 28 то 66%-ро ташкил медиҳад. 
Бо вуҷуди ин, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии минтақа дар соли таҳсили 2021-2022 250 нафар омӯзгор аз фанҳои таълимӣ намерасид. Аз ҷумла, норасоии мазкур дар шаҳри Бохтар – 15 нафар, ноҳияҳои Вахш - 26 нафар, Кӯшониён - 20 нафар, Ҷалолиддини Балхӣ – 22 нафар, Ҷайҳун – 17 нафар, Панҷ – 17 нафар, Дӯстӣ – 18 нафар, Қубодиён – 20 нафар, Шаҳритуз – 19 нафар, Хуросон – 23 нафар, Абдураҳмони Ҷомӣ – 20 нафар, Носири Хусрав – 13 нафар ва Ёвон – 20 нафар ба қайд гирифта шудааст, - зикр намуд З. Назруллозода. 
Дар идома З. Назрулозода таъкид кард, ки бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ 3 майи соли 2006, №197 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» қабул карда шудааст.
Қарзи имтиёзнок дар муддати 3 соли аввали фаъолияти меҳнатии омӯзгорони ҷавоне, ки маълумоти олии омӯзгорӣ доранд ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд, барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё ин ки парвариши 20 оилаи занбӯри асал дода мешавад.
Ҳамзамон, барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2015, №433 дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, 10% иловапулӣ ба маош пешбинӣ гардидааст.
Рафти иҷрои қарорҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар соли 2021 аз 378 нафар мутахассиси ҷавони ба ҷойи кор ҳозиршуда 62 нафар бо қарзи имтиёзнок (9 нафар дар ноҳияи Вахш, 3 нафар ноҳияи Панҷ, 4 нафар дар ноҳияи Дӯстӣ, 4 нафар дар ноҳияи Қубодиён, 12 нафар дар ноҳияи Хуросон, 5 нафар дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 14 нафар дар ноҳияи Носири Хусрав, 10 нафар дар шаҳри Леваканд ва 1 нафар дар ноҳияи Ёвон), 29 нафар бо замини наздиҳавлигӣ (Ҷайҳун -28 нафар ва Панҷ – 1 нафар) таъмин гардидаанд. Мутаассифона, ба ягон нафар мутахассиси ҷавон замин барои полезкорӣ ва боғдорӣ дода нашудааст. 
Аз ин рӯ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру минтақаро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ мутахассисони ҷавонро ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷалб намуда, норасоии кадриро бартараф карда, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон»-ро таъмин намоянд.
– Дар нимсолаи якуми соли 2022 дар заминаи филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтар барои омӯзгорони фаннӣ 104 курси такмили ихтисос гузаронида шудааст, ки дар онҳо 2595 нафар иштирок намудааст ва иҷрои нақша 99,8%-ро ташкил медиҳад. Фарогирии омӯзгорон дар ноҳияҳои Хуросон 78,5%, Дӯстӣ 90%, Абдураҳмони Ҷомӣ 90% ва Ҷайҳун 92,3%-ро ташкил медиҳад. 
Яке аз мушкилоти асосии иҷро нагардидани нақшаи аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон ин сари вақт аз ҷониби раёсату шуъбаи молияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пардохт нашудани маблағи сафархарҷии онҳо мебошад. Тибқи маълумот дар давоми солҳои 2019-2021 ба омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои минтақа (ба ғайр аз шаҳрҳои Бохтар, Норак ва ноҳияи Қубодиён) аз ҳисоби умумии 5 млн. 775 ҳазору 4 сомонӣ танҳо 197 ҳазору 472 сомонӣ (3,4%) пардохт карда шудааст, – мегӯяд З. Назрулозода.
Ба таъкиди З. Назрулозода, сол аз сол таваҷҷуҳи падару модар ҷиҳати донишандӯзии фарзандон зиёд гардида, барои идомаи таҳсил ва гирифтани касб дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (зинаи сеюми таҳсилот) муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ фарзандони худ (махсусан, духтарон)-ро бештар раҳнамоӣ мекунанд. 
Соли таҳсили 2020-2021 синфи 9-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаро 35 302 нафар (16 947 духтар) хатм намуд. Аз ҳисоби хатмкардаҳои синфи 9 25021 нафар (10971 духтар) ё 70,9% ба зинаи сеюми таҳсилот (синфи 10) фаро гирифта шуд. Ҳамзамон, дар соли таҳсили 2021-2022 4 ҳаз. 304 нафар (2 270 духтар) аз ҳисоби хатмкардагони зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дохил гардиданд, ки 12,2%-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 83,1%-и хатмкардагони синфи 9 ба таҳсил фаро гирифта шудааст. 
Бо вуҷуди тадбирҳои амалигардида, фарогирии хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Ёвон мувофиқи мақсад нест.
Яке аз омилҳои асосӣ дар самти баланд бардоштани дониши хонандагон ва сифати таҳсилот ин таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ маҳсуб меёбад. Дар давоми 6 моҳи соли 2022 ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақа 63 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 666 ҳазору 595 нусха дастрас шудааст. Инчунин, рӯзҳои наздиктарин ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мазкур боз 11 номгӯй китоби дарсӣ бо тедоди 88 ҳазор 652 нусха дастрас мегардад. 
Бо вуҷуди ин, муассисҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақа барои соли таҳсили 2022-2023 бо дарназардошти зиёдшавии хонанда ва муҳлати нашри такрории китобҳои дарсӣ ба миқдори 1 млн 242 ҳазору 219 нусха дархост ба китоб пешниҳод кардаанд.
Ҷиҳати бартараф кардани эҳтиётоҷоти китобҳои дарсӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон бо ҳамкории 18 ширкати ноширии ватанӣ чопи 37 номгӯй китобҳои дарсиро бо теъдоди умумии 3 млн 435 ҳазору 944 нусха ба роҳ мондааст, ки ин миқдор китобҳои дарсӣ пас аз пурра нашр шудан ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки Вазорати маориф ва илм чопи 11 номгӯй китобҳои дарсиро барои нашри навбатӣ бо теъдоди 540 ҳазор нусха ба озмуни чоп эълон намудааст.
Ҳамчунин, тибқи «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2022» боз 4 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди 150 ҳазор нусха барои пешниҳод ба озмуни чоп омода гардидааст.
Қабул гардидани барномаҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди дурнамои соҳаро муайян намуда, барои пешрафти соҳа мусоидат менамояд.
Рафти амалишавии “Барномаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” дар соли 2021 9 озмоишгоҳи таълимӣ ва 488 кабинети фаннӣ тарҳрезӣ шуда буд, ки бо дарназардошти ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ иҷро нагардид. Дар 6 моҳи соли 2022 дар муассисаҳои таълимии минтақа аз 14 озмоишгоҳи таълимӣ ва 485 кабинети фаннии банақшагирифта, танҳо 69 кабинети фаннӣ ба ғайр аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Кӯшониён, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Шаҳритуз харидорӣ гардидааст, ки 14,2%-и иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Сабаби асосии иҷро нагардидани барномаи мазкур дар ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ аз тарафи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Рафти иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар маркази диққати кормандони соҳаи маориф қарор дошта, бо ҷалби маблағҳои буҷети шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Леваканд, Ҷайҳун, Кӯшониён,Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Панҷ, Носири Хусрав, Қубодиён, Ёвон, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Вахш 15 ҳазору 137 компютер, 1978 принтер, 268 адад тахтаи электронӣ ва 447 адад видеопроектор харидорӣ гардида, дар муассисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор дорад.
Тибқи талаботи барномаи мазкур дар шашмоҳаи аввали соли 2022 аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақа бояд 2370 компютер ва 70 тахтаи электронӣ харидорӣ карда мешуд. Мутаассифона, ба ҳолати моҳи июни соли 2022 277 компютер ва 31тахтаи электронӣ харидорӣ гардидааст, ки мутаносибан 11,7% ва 44,3%-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. 
Сабаби иҷро нагардидани ин барнома низ ҷудо нашудани маблағ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳост.
Дар робита ба ин, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаро зарур аст, ки ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пурзӯр намуда, ҷиҳати амалӣ намудани талаботи барномаҳои давлатӣ тадбирандешӣ намоянд. 
Бояд гуфт, ки воҳидҳои кории марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо истиснои марказҳои вилоятӣ ва ноҳияи Вахш пурра ва мукаммал намебошад. 5 маркази дарёфт ва рушди истеъдоди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар (маркази вилоятӣ, Бохтар, Панҷ, Ёвон, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва Шаҳритуз) бинои худро надошта, дар биноҳои раёсату шуъбаҳои маориф, маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҷойгиранд, ки барои ташкили фаъолияти самарабахши маҳфилҳои фаннӣ таъсири манфӣ мерасонад. 12 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур бо мустақилияти молиявӣ таъмин буда, марказҳои шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Леваканту Абдураҳмони Ҷомӣ мустақилияти молиявӣ надоранд.
Дар 15 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар соли 2022 маблағгузории “Барномаи мақсадноки маҳаллии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” барои иҷрои самараноки ҳадафҳои барнома 11 млн. 134 ҳазору 140 сомонӣ ҷудо гардидааст. Натиҷаи ҷамбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумии минтақаи Бохтар нишон дод, ки аз 720 нафар иштирокчӣ 205 (28,5%) нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ (27 (13,2%) – медали тилло, 50 (24,4%) – медали нуқра ва 128 (62,4%) – медали биринҷӣ) гардиданд. 
Дар идома сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм қайд кард, ки дар дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 450 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 81 ҳазору 955 ҷойи нишаст бунёд гардидааст ва 56 муассисаи таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 115 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 18 ҳазору 513 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 58 бинои муассисаи таълимӣ (Бохтар-1, Леваканд – 1, Ҷайҳун – 7, Кӯшониён – 2,Ҷалолиддини Балхӣ – 4, Хуросон – 6, Панҷ – 5, Носири Хусрав – 2, Қубодиён – 4, Ёвон – 5, Дӯстӣ – 9, Абдураҳмони Ҷомӣ – 5 ва Вахш – 7) дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 42 бинои муассисаи таълимӣ (Леваканд – 2, Ҷайҳун – 2, Кӯшониён – 2, Ҷалолиддини Балхӣ – 3, Хуросон – 3, Панҷ – 4, Носири Хусрав – 2, Қубодиён – 2, Шаҳритус – 5, Ёвон – 6, Дӯстӣ – 4, Абдураҳмони Ҷомӣ – 3 ва Вахш – 4) ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
Талабот дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 7693 тонна ангишт, 9721м3 ҳезум ва 29816 литр сӯзишвории дизелӣ буда, аз ҳисоби бақияи соли гузашта, 202 тонна ангишт ва 238м3 ҳезумро ташкил медиҳад. Нақшаи захираи ангишт 2,6% ва ҳезум 2,4% иҷро гардидааст. 
Аз ин рӯ, мудирони шуъбаҳои маорифу шаҳру ноҳияҳои вилоят уҳдадор карда шаванд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” дар муҳлати кӯтоҳтарин чораҳои амалӣ андешанд.
Дар зимн раиси ҷаласа, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикргардида, махсусан, андешидани тадбирҳои судманд доир ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст, бартараф кардани норасоии кадрӣ ва китобҳои дарсӣ, дастгирии омӯзгорони ҷавон, иҷрои барномаҳои давлатӣ, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо, аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон ва пардохти маблағҳои сафархарҷӣ, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, технологияи муосир ва истифодаи он дар раванди таълим, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва таҳсилоти иловагӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ва амсоли инҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, аз муовини раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои судманд андешанд.
Ноилшоҳ Нурализода,
Насриддин Охунзода