ЗЕРИ УНВОНИ "ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР СОҲАИ МАОРИФ” КОНФЕРЕНСИЯИ ОНЛАЙНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

12-11-2022
12-уми ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи маориф” конференсияи онлайнӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Л.Абдулхолиқзода,  менеҷери барномаҳои таълимии ҳайати Аврупоӣ дар Тоҷикистон Диана Димова, ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону хориҷи кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, муовини вазири маориф ва илм Л.Абдулхолиқзода вобаста ба имкониятҳои мавҷудаи ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо сухан ронда, зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ислоҳоте, ки ба баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ нигаронида шудааст, тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода менамояд. Аз ин ҷост, ки дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ шуруъ аз соли 2019 лоиҳаи «Модернизатсияи таҳсилоти олӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ (HiEdTec)» татбиқ гардида истодааст ва дар он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунанд.
Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти гузариш ба таҳсилоти рақамӣ мусоидат менамояд.
Сипас, менеҷери барномаҳои таълимии ҳайати Аврупоӣ дар Тоҷикистон Диана Димова сухан ронда, саҳми Вазорати маориф ва илми кишварро дар татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришаванда баланд арзёбӣ намуд.
Дар идома, ректори Донишгоҳи Русеи Булғория Христо Белов дар мавзуи “Мақсад, вазифаҳо ва натиҷаҳои асосии лоиҳаи Авруосиёии HiEdTec”, роҳбари Маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ, профессори Донишгоҳи Русеи Булғория ангел Смрикаров дар мавзуи “Системаи баҳодиҳии дараҷаи рақамикунонии донишгоҳҳо” ва роҳбари Маркази лоиҳаҳои Донишгоҳи техникии ба номи М.Осимӣ Гулнора Анварова дар мавзуи “Натиҷаҳои ба даст овардани лоиҳаи HiEdTec аз ҷониби донишгоҳҳои Тоҷикистон” маърӯза намуданд. 
Дар рафти конфронс, инчунин, миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба рушди технологияи муосир дар раванди таълим табодули таҷриба намуданд.