ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

25-11-2022
25-уми ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Ш.Хайрзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Нахуст, гузориши Б.Музаффарзода-сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм «Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2016, №150 «Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» дар вилояту шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» шунида шуд.
Раиси ҷаласа таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба маблағҳои ҷудошуда тибқи меъёр барои ҳар як кӯдак, пардохти музди маоши кормандон, бо ғизои солим таъмин намудани тарбиятгирандагон ва азхуднамоии маблағҳои пешбинишуда дар ин самт, вобаста ба ҳадди миёнаи музди маош муайян намудани маблағи моҳонаи кӯдакистонҳо, фаъолияти марказҳои инкишофи кӯдак ва чанде дигар ҷалб намуда, дастур дод, ки бо назардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дар ин самт муваффақ ҷиҳати дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба роҳ мондани сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва зиёд намудани теъдоди фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ чораҳои судманд андешида шавад.
Баъд аз гузориши Ҷ.Бобоҷон -сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак “Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» дар шуъбаҳои маорифи шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Б.Ғафуров ва раёсати маорифи вилояти Суғд” раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷоннок карда шуда, дар давраи таътили тобистона теъдоди фарогирии кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо ва маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагӣ зиёд карда шавад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бо мақсади ҳифз намудани шаъну шарафи омӯзгор ва мактаб аз нашри ҳамагуна наворҳои видеоии пастзанандаи обрӯю эътибори хонанда, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ карда шавад.
Аз рӯйи масъалаи сеюм гузориши Ҷ.Намоззода-ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф “Оид ба ҳолати такмили ихтисоси омӯзгорон дар сатҳи минтақа ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Сангвор, Тоҷикобод, Фархор, Ховалинг, Хуросон, А.Ҷомӣ, Шаҳристон ва Спитамен” шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид гардид, ки бо мақсади сифатан беҳтар намудани рафти иҷрои нақшаи аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорон сардорони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати пардохти саривақтии маблағҳо ҳамкориро бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷоннок намоянд.
Ҳамчунин, ба масъулин дастур дода шуд, ки дар доираи имконоти мавҷуда бо истифода аз технологияи муосир ба таври пилотӣ курсҳои такмили ихтисоси онлайнӣ баргузор карда шавад.
Дар идома, гузориши У.Сафарзода-директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ “Оид ба вазъи таълиму тарбия, таъминоти кадрӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва фаъолияти маҳфилҳо дар марказҳои таҳсилоти иловагии ВМКБ” ва гузориши Н.Убайдуллозода-сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм “Оид ба гузаронидани санҷиши дақиқии ҳисоботҳои оморӣ дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” шунида шуд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои зикршуда раиси ҷаласа Р.Саидзода ба сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф ҷиҳати ҷалби бештари наврасону хонандагон ба маҳфилҳо ва дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон нисбат ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва ба ин восита, омода намудани  онҳо ба озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, инчунин, бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки аз ҷониби директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо ҳисоботҳои оморӣ бояд дақиқ ва мукаммал пешниҳод карда шаванд.
Дар охир, раиси ҷаласа бори дигар ба масъулин, хусусан ба сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, инчунин, таваҷҷуҳ намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, пурра омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба фасли зимистон ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, дар ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифта, аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардида, вобаста ба ҳар масъала қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.