ҶАЛАСАИ ҲИЗБИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГАНҶ”-И ҲХДТ ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ШУД

19-04-2021
 
19-уми апрели соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”-и ҲХДТ дар Вазорати маориф ва илм оид ба ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Муҳаммадюсуф Имомзода – раиси Ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфиқор Гулаҳмадзода – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар аъзои ташкилот ширкат варзиданд.
Кори ҷаласаи ҳизбиро М. Имомзода ифтитоҳ бахшида, зимни суханронии худ иброз дошт, ки вазифаи ҲХДТ ва Ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” дар иртибот ба фазои мураккаб ва ҷаҳони муосир, хатарҳои терроризму экстремизм аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими Истиқлоли давлатӣ, суботу амният ва ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд. 
-Бинобар ин, қарзи виҷдонии ҳар як аъзои ҲХДТ дар Ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” аст, ки барои ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа тавассути тамоми сохторҳои соҳаи маориф кӯшиш намояд, - афзуд вазир.
Гуфта шуд, ки давоми се моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ҷиҳати ба аҳли ҷомеа расонидани нуктаҳои муҳими Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” тавассути вохӯриву суҳбатҳо, чорабиниҳои телевизионӣ ва нашри хабару мақолаҳо фаъолона иштирок намудаанд.
Сипас, Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм оид ба масъалаи якуми ҷаласа ба музокира баромада, аз ҷумла қайд кард, ки давоми се моҳи аввали соли 2021 аз ҷониби аъзои Ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”-и ҲХДТ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла озмунҳои соҳавӣ ба роҳ монда шуданд, ки бевосита баҳри амалӣ намудани супоришҳои раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои ҳизбӣ равона гардидаанд. 
- Дар робита ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” дар марказҳои вилоятҳои кишвар семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд, ки дар ин семинарҳо ба аъзои ҳакамони даврҳои вилоятии ҳарду озмун талабот ва бандҳои нави низомномаҳои таҷдидшудаи озмунҳо фаҳмонида шуд, - изҳор дошт М. Саломиён. 
Инчунин, Илҳом Камолзода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” дар самти робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла рушди робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти омода намудани мутахассисоне, ки дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта намешаванд ва таҳқиқоти илмии барои кишвар афзалиятнок, васеъ намудани созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалӣ оид ба эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва унвону дараҷаҳои илмӣ, фароҳам овардани замина барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русию англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот суханронӣ намуд.
Баъдан, Фирӯза Асфияева – котиби Ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” вобаста ба иштирок ва суханрониҳои аъзои ташкилот дар барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва бо истифода аз ин роҳ ва дигар усулҳои ҷалбсозӣ бештар кардани сафи аъзои Ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” суханронӣ намуд. 
Зулфиқор Гулаҳмадзода – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз фаъолияти ташкилот дар давоми семоҳаи аввали соли 2021 изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои олӣ ва барномаи ҳизбии ҲХДТ ва роҳбарияти он беш аз ҳама такя ба аъзои Ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” мекунад. 
Дар фарҷоми ҷаласа гуфта шуд, ки маҳз тавассути илму дониш ва соҳибмаърифату донишманд намудани аҳли ҷомеа метавон ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва роҳбарияти олии мамлакат расид. Дар ин самт раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур омодагии худро барои ҳамкориҳои самарабахш бо тамоми ташкилотҳои ибтидоии худ, аз ҷумла Ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” изҳор медорад ва умед аст, ки дар якҷоягӣ ва дар асоси робитаҳои мутақобилан судманд ҳамаи аъзои ҲХДТ ба натиҷаҳои манфиатбахши бесобиқа даст хоҳанд ёфт.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон