ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

04-02-2023
Дар доираи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба соҳаи илму маориф – соҳаи афзалиятноки кишвар ба таври рӯзафзун  зиёд гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мақому манзалати омӯзгор рӯзи 4 феврали соли 2023 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилоят қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид, ки дар он, инчунин, сардорони раёсати муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сохмони асосии вазорат, раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ, сардори раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. 
Зимни қабул беш аз 28 нафар муроҷиаткунандагон аз ҳисоби кормандони касбу кори гуногун доир ба сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, бартараф кардани норасоии китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимашон бо забони ӯзбекӣ, зиёд намудани соатҳои дарсии фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ, таъсиси муассисаи таълимии ғоибона барои гирифтани маълумоти таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳудуди вилоят  ва  пешниҳодҳо оид ба рушди соҳаи маориф, ҳасмандгардонии роҳбарони гуруҳи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, чопи китобҳои бадеӣ барои муассисаҳои таълимии томактабӣ ва чанде дигар дархост ва таклифу пешниҳодоти худро манзур намуданд. 
Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар мӯҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баъд аз қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм бо ҳайати кормандони раёсати маорифи вилоят, мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳа оиди вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, машварати корӣ анҷом доданд.
Зимни баррасии масъалаҳо Раҳим Саидзода ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, иброз доштанд, ки дар доираи ташаббусҳои созанда ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Ҳукумати кишвар ҳамеша ҷиҳати дастгирии соҳаи маориф пайваста иқдомҳо меандешад. Ин моро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим ва  инчунин, рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа тамоми нерӯи худро равона созем. 
Дар охир Раҳим Саидзода таъкид доштанд, ки аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ 200 ҷуфт мизу курсиҳо тақдим гардида, барои фаъолияти пурсамари педагогӣ 5 нафар омӯзгорон бо нишони "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва 10 нафар дигар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида мешавад.
Раёсати маорифи
вилояти Суғд