5 медали биринҷи хонандагони тоҷик аз олимпиадаи IMO-2018»

18-07-2018
Аз 03 то 14 июли соли 2018 дар шаҳри Клуҷ-Напокаи Ҷумҳурии Руминия Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика «IMO-2018» баргузор гардид. 
Дар он довталабон аз 132 давлати дунё иштирок карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар хонанда муаррифӣ намуданд. Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони кишвар сазовори 5 медали биринҷӣ гардиданд. Кличев Муҳаммадҷон аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Шоҳрухи Умедҷон, Бобохонов Меҳрон, Усмонов Абубакр, Хонҷонов Наимҷон аз Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд.  
Ҳамзамон, Раҳматов Суннатулло аз Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Душанбе сазовори ифтихорномаи фахрӣ гардид.

Хонандагони кишвар аз аввали соли 2018 дар 14 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда,  сазовори 201 медал, аз ҷумла, 47 медали тилло, 71 медали нуқра, 83 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108 медал (33 медали тилло, 36 медали нуқра, 39 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.
Мавриди қайд аст, ки пеш аз иштироки дастаҳо дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо даври интихобӣ ҷиҳати интихоби дастаҳо гузаронида мешавад.
Ҷиҳати интихоби дастаи яккачини кишвар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо даври интихобии олимпиадаи мазкурро моҳи июн баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 70 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар иштирок намуданд. Аз байни иштирокчиён 6 нафар хонанда барои иштирок дар даври ниҳоии олимпиада роҳхат гирифтанд. 
ҲАБИБЗОДА МАНУЧЕҲР-
корманди Муассисаи давлатии
«Маркази ҷумҳуриявии дарёфт
ва рушди истеъдодҳо»