41 нафар хонандагони Литсейи шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байналмилалӣ «IMAC – online»-и Англия ғолибият ба даст оварданд

11-06-2021
Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика бо забони англисӣ «IMAC – online» тариқи фосилавӣ баргузор шуда, дар он 50 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд аз рӯи се қишри синну солӣ иштирок намуданд.
Дар натиҷаи эълони расмии Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи «IMAC – online» кишвари Англия аз 50 нафар хонандагони Литсей 41 — нафарашон ғолибиятро ба даст оварда, соҳиби 6 медали тилло, 17 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз се даври асосӣ: муқадамотӣ, интихобӣ ва финалӣ иборат буд.
Дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гурӯҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳаракати олимпии литсей 180 хонанда шомил буда, дар соли хониши 2020-2021 хонандагони болаёқати ин муассиса дар 14 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Тибқи иттилои директори Литсей Сурайё Неъматова, дар соли хониши 2020-2021 толибилмони Литсей дар олимпиадаҳои ҷаҳонии HIPPO, FISO, SPELLING BEE, FIZTECH, FOXFORD, ARCHIMED, KANGOUROU, OLYMPIA, IMEC, BRICSMATH, MATH-CHALLANGE, ANTALYA дар кишварҳои Таиланд, Туркия, Федератсияи Россия, Англия, ИМА, Чин, Италия иштирок намуда, 154 медал – 51 медали тилло, 45 медали нуқра ва 58 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Инчунин хонандагони болаёқати Литсей ба даври финалии озмуни байналмиллалии HIPPO (Италия) роҳхат гирифта, мунтазири эълони натиҷаи расмии ғолибон ҳастанд.
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон