Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи озмун баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии ...
ТАХТАИ ИНТЕРАКТИВИИ «ETALIM». Бо мақсади гузариш ба таҳсили рақамӣ нахустин барномаи ватанӣ таҳия гардид Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» барномаи тахтаи интерактивии «eTalim» таҳия гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри ...
Гузоштани санги асоси бунёди бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд. Зимни шиносоӣ бо тарҳи иншооти нав иттилоъ ...
Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо шароити таълим дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шинос гардиданд ДУШАНБЕ, 13.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 400 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо имконот ва заминаи модиву таълимии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шинос шуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд, хонандагон бо намоиши дастовардҳои донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён, ки ба маърази тамошои ...
ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД (ЮНИСЕФ) 12 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) вобаста ба баррасии таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Муовини якуми вазири маориф ва илм, иброз дошт, ки бо қарори Ҳукумати ...