Ахбор

  • ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БА РАФТИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ШИНОС ГАРДИД

    ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БА РАФТИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ШИНОС ГАРДИД
    23 феврали соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз рафти сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ва бинои муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 6-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан кард. Зимни боздид ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти ...

    23-02-2024
  • БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 57-И НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

    БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 57-И НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
    23 феврали соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57-и ноҳияи Кӯшониён шинос гардид. Зимни боздид ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимӣ 406 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба ...

    23-02-2024
  • Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳамаи шуморо ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям. Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ...

    22-02-2024
  • Сарфарозгардонӣ бо ордени “Дуслик"-и Ҷумҳурии Тотористон

    Сарфарозгардонӣ бо ордени “Дуслик"-и Ҷумҳурии Тотористон
    Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукӯҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ-ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонда шуд. Тибқи Фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ ...

    22-02-2024
  • Мулоқоту музокироти Тоҷикистону Тотористон

    Мулоқоту музокироти Тоҷикистону Тотористон
    22 феврал дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба сатҳи баргузории мусобиқаи байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда” баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ...

    22-02-2024