ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

08-06-2017

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ 
ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

 

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот

1. Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот

 - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1400 сомонӣ.

 

Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм

1. Сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1040 сомонӣ.

 

Талабот ба довталабон

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

 

- ариза ба унвони роҳбари роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома  оид ба вазъи саломатии шакли 086УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ 

 

 1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқушиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).

 

2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ ё  ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).

        Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то 29 июни соли 2017 (ҳар рӯз аз соати 1400 то 1700)  дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус  - ҳуҷраи 400, 412, сомона: www.maorif.tj, суроғаи электронӣ: mort@maorif.tj телефон: 221-67-07, факс: 221-70-25 

Озмун  рӯзи 7 июли соли 2017,  соати 1000 баргузор мегардад.