Вазир

Саид Нуриддин Саид

Аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд: 1956. Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таҳсилот: олӣ. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро хатм кардааст. 

Ихтисос: муаллими фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1984 – 1988 ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Донишкадаи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав.

Соҳои 1988 – 2006 аспирант, муаллими калон, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Солҳои 2006 – 2008 сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.

Солҳои 2008 – 2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Аз январи соли 2012 то ҳол вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.