МУОВИНОНИ ВАЗИР

САЛОМИЁН МУҲАММАДДОВУД ҚАЮМ
МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

12 феврали соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илми филологӣ.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1984-1985-колхозчии колхози ба номи В.И.Ленини н.Москва;
Солҳои 1985-1987-хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ; 
Солҳои 1987-1992-донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин;
Солҳои 1992-1993-муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикитсон;
Солҳои 1993-1995-аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи таърихи забони факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикитсон; 
Солҳои 1995-2001-ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикитсон;
Солҳои 2001-2004-муовини декан оид ба таълими факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2004-2008-мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факлутети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; 
Солҳои 2008-2013-декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; 
Солҳои 2013-2018-дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; 
Солҳои 2018-2019-мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2019-2020-директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;
Аз 21 январи соли 2020 то ҳоло-муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Забонҳои арабӣ, фаронсавӣ  ва русиро медонад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

                                                                      НАЗИРӢ ЛАТОФАТ ҚАҲОР
                                         МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2 марти соли 1963  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Унвони илмӣ -  номзади илмҳои педагогӣ (соли 2006), дотсент (соли 2008).
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои  1982-1987 - Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин 
Солҳои 1987-1992 -  Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон  
Солҳои 1983-1994 - Муаллими таъриху ҷамъиятшиносии мактаби рақами 22-и шаҳри Ваҳдат
Солҳои 1994-2000 - Ассистент, муаллими калони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини декани факултети таърих оид ба тарбия, шаҳри Душанбе
Солҳои 2000-2003 - Таҳсил дар шуъбаи аспирантура
Солҳои 2003-2005 - Муаллими калони кафедраи педагогикаи ДДМТ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2005-2008 - Мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Соли 20.12 (01-08) - Сармутахассиси Раёсати мактабҳои олӣ ва баъдидипломии Вазорати  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2008-2012 - Муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия, шаҳри Душанбе
Солҳои 2012-2016 - Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, шаҳри Душанбе
Аз 11 январи соли 2016 то ҳоло - Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забонҳои русӣ ва олмониро медонад.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд

                                                        ҚОДИРЗОДА ДИЛОВАР БАҲРИДДИН 
                                                       МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ  
                                                                 ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
29 январи соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1982-1983- донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин;
Солҳои 1983-1985- хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ; 
Солҳои 1985-1989- донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин;
Солҳои 1989-2000- ассистент, дотсент, и.в. мудири кафедраи иқтисоди миллӣ, ҷонишини декани факултети «Иқтисод ва идора»-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2000-2004- докторанти Донишгоҳи давлатии шаҳри Воронежи Федератсияи Россия; 
Солҳои 2004-2005 - дотсент, профессори кафедраи иқтисоди миллии  Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2005-2006- и.в. мудири кафедраи «Иқтисод ва идораи КАС»-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2006-2009- профессор, и.в. мудири кафедраи «Назарияи иқтисодӣ»-и Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон; 
Солҳои 2009-2011- мудири кафедраи «Назарияи иқтисодӣ»-и Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон; 
Солҳои 2011-2012 - декани факултети иқтисодии Донишгоҳи славянии Россия- Тоҷикистон; 
Солҳои 2012-2019- ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;
Солҳои 2019-2020- директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 4 феврали соли соли 2020 то ҳоло-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Забонҳои англисӣ ва русиро медонад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.


                                                           СОБИРЗОДА НУРАЛӢ МИРАЛӢ
                                                    МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ  
                                                                ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
14 октябри соли 1980 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1998-2003- донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2003-2009- ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; 
Солҳои 2004-2005- мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2005-2011- муовини декан оид ба таълими факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2011-2012- мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; 
Солҳои 2012-2013 - иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба иқтисод ва маъмурию хоҷагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2013-2020- муовини ректор оид ба иқтисод ва иҷтимоиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Аз 4 феврали соли соли 2020 то ҳоло-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Забонҳои англисӣ ва русиро медонад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.